Маош, каллаҳои холӣ, иқтисоди сабз, ҳуши сунъӣ ва хиёнат накардан: муҳимтарин нуктаҳои имсолаи паёми Эмомалӣ Раҳмон

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш ба Маҷлиси Олии кишвар асосан дар мавриди боло бурдани маош, ислоҳоти маориф, норизоятӣ аз сатҳи забондонии кадрҳо, иқтисоди сабз, рушди саноат, ҳуши сунъӣ ва хиёнат накардан ба миллату давлат суҳбат кард.

Ин паёми раисҷумҳур, ки усулан як навъ ҷамъбасти 30-солагии Истиқлол буд, аз ҳушдор додани мардум аз даврони сахту сангини ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва Раҳмон таъкид кард, ки "ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд".

Президенти Тоҷикистон дар ин паёмаш гуфт, ки дар оғози истиқлол "Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид". 

Аммо Раҳмон аз ҳеч гурӯҳе ба таври мушаххас ном набурд. 

 Раҳмон солҳои 2022-2026-ро панҷолаи рушди саноат эълон кард.

Ба назари раисҷумҳур ин солҳо "бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод мешавад".

Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки ин панҷсола дар замони ҷашнгирии 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст мешавад. 

Ҳамчунин ба гуфтаи раисҷумҳур, дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад.

Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёмаш дар бораи боло бурдани ҳаҷми маош дар кишвар хабар дода, таъкид кард, ки аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати хидматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки аз 1-уми июл соли оянда маоши кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигари буҷавӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад.

Президент гуфт, андозаи нафақаи ятимони кулл ва нимятимонро бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардидаро аз 1-уми июли соли 2022 зиёд карда шавад.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз таҳия ва қабул шудани Стартегияи иқтисоди сабз ва Стратегияи миллии ҳуши сунъӣ дар соли оянда хабар дод ва гуфт, ки бо назардошти дигаргуниҳои ҷаҳони муосир бояд лоиҳаи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия ва қабул кунем.

Матни комили паёми Эмомалӣ Раҳмонро мешавад дар ин ҷо мутолиа кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...