Ширкати IRS нархро дар роҳи Душанбе-Хуҷанд боло мебарад. Маҳсулот ҳам қимат мешавад?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS), ки аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дар ягона роҳи пулакии Тоҷикистон – "Душанбе-Чаноқ" пул ҷамъ мекунад, хабар додааст, ки аз 1-уми январ таърифаҳои сафар дар ин роҳро боло мебарад. Оё ин ба болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ҳам дар Тоҷикистон метавонад таъсир расонад?

Болоравии таърифаҳо ба нархҳо чӣ таъсир мерасонад?

Маъмулан болоравии таърифаҳо ба як хидматрасонӣ ба афзоиши нарх ба дигар маҳсулот оварда мерасонад.

Болоравии нарх ба интиқоли бору маҳсулот дар ниҳояти кор ба нархи чакана дар нуқтаҳои фурӯш таъсир мерасонад. Ин дар навбати аввал, ба маҳсулоте дахл хоҳад дошт, ки аз корхонаҳои вилояти Суғд ба қисмати ҷанубии кишвар интиқол дода мешаванд, аз ҷумла орду маҳсулоти ширӣ, консерваҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра.

Бо назардошти буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, афзоиши сатҳи таваррум, маоши начандон баланд ҳамаи ин ба некӯаҳволии қишри камбизоати аҳолӣ таъсири манфӣ ба бор меорад.

Корхонаҳои истеҳсоли орди минтақаи ҷануби Тоҷикистон талаботи тамоми аҳолии ин минтақаро, ки тақрибан сеяки аҳолии саросари ҷумҳуриро ташкил медиҳад, наметавонанд бо орд таъмин кунанд.

Дар вилояти Суғд корхонаҳои бузурге фаъолият доранд, ки ордро дар халтаҳои 5, 10, 25 ва 50-килогӣ ҷой карда, ба нуқтаҳои фурӯши шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ВМКБ мефиристанд.

Имрӯз орд дар бозору мағозаҳо вобаста ба навъаш аз 4,8 то 5,3 сомонӣ барои 1 кило фурӯхта мешавад.

Пас аз зиёдшавии хароҷоти роҳ, тибқи арзёбии коршиносон, нархи орд метавонад начандон назаррас боло равад.

Ба гуфтаи яке аз намояндагони корхонаи истеҳсоли орд дар вилояти Суғд, онҳо нияти боло бурдани нархи маҳсулоташонро надоранд, лекин ширкатҳои боркашон (логистикӣ) бо назардошти таърифаҳои нави ҳаракат дар роҳ, метавонанд ба нархи хизматрасониҳои худ маблағ илова кунанд.

Ҳатто 10% афзоиши таърифаҳои хизматрасониҳои онҳо нархи як халта ордро 10-20 сомонӣ зиёд мекунад, ки ба харидори одӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Мутаносибан ин ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маснуоти нонӣ низ таъсир мерасонад.

Шояд мардум пай набаранд, лекин вазни нони одии нархаш 2 сомонӣ метавонад камтар шавад.

Шир ҳам қимат мешавад?

Болоравии таърифаҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд аз ҳама бештар дар арзиши аслии маҳсулоти ширӣ ва консерва эҳсос хоҳад шуд.

Ба гуфтаи иқтисодчӣ Бахтиёр Хоҷаев, корхонаҳои коркарди шири вилояти Суғд ширро аз фермаҳои ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва дигар ноҳияҳо мегиранд. Нақлиёт якчанд маротиба роҳро мегузарад. Вақте ки маҳсулоти тайёрро ба Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии қисмати ҷанубии Тоҷикистон мефиристанд, мошинҳо тариқи плаза бори дуюм мегузаранд ва дар натиҷа, хароҷоти роҳ боз якчанд фоиз зиёд мешавад.

Масалан, нархи қаймоқи “Файзи Расул” дар бастаи 350-граммӣ, ки имрӯз дар супермаркетҳои Душанбе 6,5 сомонӣ фурӯхта мешавад, метавонад 1 сомонӣ боло равад.

Бахтиёр Хоҷаев мегӯяд, бисёре аз коршиносон болоравии нархи маҳсулотро аз вилояти Суғд ба андозаи 30% пешгӯйӣ мекунанд.

“Аммо нарх хеле зиёд боло намеравад, – изҳор дошт ӯ. – Маҳсулот ҳадди ниҳоӣ метавонад 10% ё камтар ҳам аз он гарон шавад”.

Гап сари он аст, ки корхонаҳои вилояти Суғд намехоҳанд бозорро аз даст диҳанд, аз ин рӯ, нархҳояшон аз маҳсулоти чунин корхонаҳо дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои қимати ҷанубии ҷумҳурӣ чандон фарқе нахоҳанд дошт.

Аз вилояти Хатлон ба Ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд ашёи хом инитиқол дода мешавад ва он ҳам каме қимат хоҳад шуд.

Иқтисодчӣ бар ин назар аст, ки болоравии нарх на бо сабаби аз ҷониби ширкати IRS зиёд кардани таърифаҳои худ, балки ба гумони ғолиб, бар асари таваррум, қиматшавии нуриҳои минералӣ, маводи кимиёвӣ, тухмиву хӯроки чорво, ки аз хориҷа оварда мешаванд, сурат мегирад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...