Таътили зимистонии мактабхонҳо тамдид намешавад. Дарсҳо 11-уми январ оғоз мешавад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки таътили зимистонии мактабхонҳо тамдид намешавад ва дарсҳо рӯзи 11-уми январ оғоз мешаванд. Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое бархоста, ки гӯё бар асарии зукоми мавсимӣ таътил тамдид мешавад. 

Бархе аз волидон ба идораи «Азия-Плюс» тамос гирифта, дархост карданд, ки оё Вазорати маориф таътилро тамдид мекунад, чун ҳоло дар кишвар бемории зукоми мавсисмӣ хуруҷ кардааст ва барои пешгирии он ниёз ба таътил аст.

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки тағйироте дар масъалаи тартиби оғози дарсҳо нест. Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ мегӯяд, зукоме, ки ҳоло дар Тоҷикистон гардиш мекунад, мавсимӣ буда, ҷойи нигаронӣ надорад.

Мудири Институти тиббию профилактикии Точикистон, Муродалӣ Рӯзиев низ дар суҳбат ба «Азия-Плюс» иброз дошт, ки зукоми мавсимӣ, ки ҳамасола дар кишвар ба қайд гирифта мешавад, ҷойи нигаронӣ надорад.

Ин коршинос  тавсия медиҳад, ки шаҳрвандон  бояд машвараҳои табибонро риоя намуда, ниқоб бипӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд, то дигаронро сироят накунанд. 

Номбурда ҳамзамон илова намуд, ки дар Тоҷикистон мавсими аввали зуком аллакай ба охир мерасад ва мавсими дуюм аз моҳи феврал оғоз мешавад. "Ин ки зукоми феълӣ нисбат ба солҳои қаблӣ шадидтар аст ва нишонаҳои дигар дорад, асос надорад ва  ин ҳамон зукоми мавсимӣ аст, ки ҳамасола дар кишвар сабти ном мешавад»,- гуфт ӯ. 

Дар соли 2021 дар Тоҷикистон, ҳудуди 130 ҳазор нафар гирифторони бемории шадиди вирусии респираторӣ ба қайд гирифта шуда, зуком низ ба ин омор шомил шудааст. Теъдоди беморон нисбат ба соли қаблӣ 60 ҳазор нафар кам (дар соли 2020 беш аз 190 ҳазор нафар) буд, – гуфт Рӯзиев.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.