Таътили зимистонии мактабхонҳо тамдид намешавад. Дарсҳо 11-уми январ оғоз мешавад

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки таътили зимистонии мактабхонҳо тамдид намешавад ва дарсҳо рӯзи 11-уми январ оғоз мешаванд. Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое бархоста, ки гӯё бар асарии зукоми мавсимӣ таътил тамдид мешавад.  Бархе аз волидон ба идораи «Азия-Плюс» тамос гирифта, дархост карданд, ки оё Вазорати маориф таътилро тамдид мекунад, чун ҳоло […]

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки таътили зимистонии мактабхонҳо тамдид намешавад ва дарсҳо рӯзи 11-уми январ оғоз мешаванд. Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое бархоста, ки гӯё бар асарии зукоми мавсимӣ таътил тамдид мешавад. 

Бархе аз волидон ба идораи «Азия-Плюс» тамос гирифта, дархост карданд, ки оё Вазорати маориф таътилро тамдид мекунад, чун ҳоло дар кишвар бемории зукоми мавсисмӣ хуруҷ кардааст ва барои пешгирии он ниёз ба таътил аст.

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки тағйироте дар масъалаи тартиби оғози дарсҳо нест. Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ мегӯяд, зукоме, ки ҳоло дар Тоҷикистон гардиш мекунад, мавсимӣ буда, ҷойи нигаронӣ надорад.

Мудири Институти тиббию профилактикии Точикистон, Муродалӣ Рӯзиев низ дар суҳбат ба «Азия-Плюс» иброз дошт, ки зукоми мавсимӣ, ки ҳамасола дар кишвар ба қайд гирифта мешавад, ҷойи нигаронӣ надорад.

Ин коршинос  тавсия медиҳад, ки шаҳрвандон  бояд машвараҳои табибонро риоя намуда, ниқоб бипӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд, то дигаронро сироят накунанд. 

Номбурда ҳамзамон илова намуд, ки дар Тоҷикистон мавсими аввали зуком аллакай ба охир мерасад ва мавсими дуюм аз моҳи феврал оғоз мешавад. "Ин ки зукоми феълӣ нисбат ба солҳои қаблӣ шадидтар аст ва нишонаҳои дигар дорад, асос надорад ва  ин ҳамон зукоми мавсимӣ аст, ки ҳамасола дар кишвар сабти ном мешавад»,- гуфт ӯ. 

Дар соли 2021 дар Тоҷикистон, ҳудуди 130 ҳазор нафар гирифторони бемории шадиди вирусии респираторӣ ба қайд гирифта шуда, зуком низ ба ин омор шомил шудааст. Теъдоди беморон нисбат ба соли қаблӣ 60 ҳазор нафар кам (дар соли 2020 беш аз 190 ҳазор нафар) буд, – гуфт Рӯзиев.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.