Ҷаласаи Маҷлиси Олӣ барои фиристодани неру ба Қазоқистон баргузор шуд ё нашуд?

Хабаргузории давлатии "Ховар" аз баргузор шудани ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ин ҷаласаи барои истифодаи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ризоият дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон нимаҳои субҳи имрӯз ба "Азия-Плюс" баргузории ҷаласаро рад ё тасдиқ накард. Аммо аз ин ниҳод гуфтанд, […]

Хабаргузории давлатии "Ховар" аз баргузор шудани ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар ин ҷаласаи барои истифодаи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар ризоият дода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон нимаҳои субҳи имрӯз ба "Азия-Плюс" баргузории ҷаласаро рад ё тасдиқ накард. Аммо аз ин ниҳод гуфтанд, ки имрӯз баргузории ҷаласае дар назар нест.

Дар хабари кӯтоҳи “Ховар” гуфта мешавад, ки ҷаласаи ҳарду палатаи парлумон имрӯз, 7 январи соли 2022 баргузор гардид ва дар ҷаласаи мушктарак “танҳо як масъала баррасӣ шуда, барои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди кишвар барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият дода шуд”.

Нашри хабари баргузории ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, тақрибан соати 10:30 сухангӯйи Маҷлиси намояндагон дар суҳбат бо “Азия -Плюс” баргузории ҷаласаро дар мавриди ризоият додани истифодаи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар рад ё таъйид накард.

Аз Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ки то 10-уми январи соли 2022 ҳамаи вакилони парлумон дар рухсатии корӣ барои шарҳи паёми перзидент ба минтақаҳо рафтаанд ва дар рӯзҳои наздик низ ҳеҷ ҷаласае дар назар нест.

Ҳамин тариқ, аз дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ низ ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки дар мавриди баргузории  аз дафтари матбуотии Маҷлиси намонядагон бояд пурсон шавем.

Ризояти порлумон барои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ дар хориҷ аз кишварро, ки дар ҷаласаи муштараки ҳар ду маҷлис бояд ҳосил шавад, Кониститутсияи Тоҷикистон пешбинӣ мекунад. 

Дар моддаи 55-и Конститутсия  – Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя, дар банди 3 гуфта мешавад: "ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон". 

Рӯзи 6-уми январ Баҳодур Раззоқов, доктори илмҳои ҳуқуқ дар шарҳи як матлаби “Азия Плюс” дар мавриди фиристондани нерӯ ба Қазоқистон навишт, ки тибқи Конститутсияи Тоҷикистон барои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ берун аз ҳудуди кишвар ризояти Маҷлиси Олӣ тавассути баррасӣ дар ҷаласаи якҷояи палатаҳои он талаб карда мешавад.

Вале Умед Мансуров, коршиноси  ҳуқуқи байналмилалӣ дар посух ба Раззоқов навиштааст, ки Тоҷикистон шартнома ва оинномаи СПАД- ро тавассути парлумон ба тасвиб расонд, аз ин лиҳоз, барои иҷрои қарори ин созмон розигии парлумон лозим нест.

– Дар оинномаи СПАД пешбинӣ шудааст, ки тасмим дар бораи фиристодани контингенти миллӣ тибқи қонунгузории миллӣ амалӣ карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дар бораи фиристодани нерӯҳои посдори сулҳро президент бидуни тасвиб қабул мекунад, аммо барои иштирок дар даргириҳои низомӣ дар хориҷа ризоияти парлумон лозим аст,- шарҳ додааст Умед Мансуров.

Вале Баҳодур Раззоқов дар посух гуфт, баръакс, дар зербанди 3 моддаи 55 қайд мешавад, ки узвият дар СПАД ба таври худкор чунин ҳуқуқро ба Сафармондеҳи Кувваҳои Мусаллаҳ намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол субҳи имрӯз, аз дафтари матбуоти Вазорати дифои кишвар ба “Азия – Плюс“ таъйид карданд, ки 200 сарбози тоҷик дар доираи СПАД ба Қазоқистон фиристода мешавад.

Манбаъ гуфт, онҳо ҳоло ин 200 нафар ба Қазоқистон нарафтаанд ва интизор меравад, ки дар наздиктарин фрусат роҳсипор шаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо дархости президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД тасмим гирифта буд, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон, ки узви ин созмон аст, як воҳиди неруҳои посдори сулҳро ба ин кишвар сафарбар мекунад.

Ҳамин тариқ, Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот омодагии худро барои исроли нурӯ дар доираи ба Қазоқистон гуфт. 

Дар Қазоқистон рӯзи якшанбе алайҳи болоравии нархи гази моеъ эътирозҳои оммавӣ оғоз гардиданд. Гирдиҳамоиҳо нахуст дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау оғоз гардида, сипас дар дигар шаҳрҳо идома ёфтанд.

Дар пасманзари эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт. Дирӯз президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки Нурсултон Назарбоев дигар раиси Шӯрои амнияти кишвар нест.

  Рӯзи 5 январ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев изҳор дошт, ки дастандаркорони бетартибиҳо дар Қазоқистон “гуруҳҳои террористии аслан байнулмилалӣ буда, дар хориҷи кишвар аз тамрини ҷиддӣ гузаштаанд ва ҳамлаи онҳо ба Қазоқистон бояд як амали таҷовузкорона арзёбӣ шавад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.