Ҳукумати феълии Қазоқистон ба истеъфо рафт

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев рӯзи 5 январ истеъфои ҳукумати кишварро қабул кард. Тавре ки INTERFAX хабар медиҳад, амри дахлдорро дар ин бора Токаев рӯзи 5 январ ба имзо расонида, он дар сомонаи сарвари давлат нашр шудааст. Мувофиқи амр, иҷрои вазифаҳои сарвазири Қазоқистон муваққатан ба дӯши Смаилов Алихон Асханович (муовини сарвазир дар ҳайати ҳукумати истеъфодода) вогузор […]

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев рӯзи 5 январ истеъфои ҳукумати кишварро қабул кард.

Тавре ки INTERFAX хабар медиҳад, амри дахлдорро дар ин бора Токаев рӯзи 5 январ ба имзо расонида, он дар сомонаи сарвари давлат нашр шудааст.

Мувофиқи амр, иҷрои вазифаҳои сарвазири Қазоқистон муваққатан ба дӯши Смаилов Алихон Асханович (муовини сарвазир дар ҳайати ҳукумати истеъфодода) вогузор шудааст.

Гуфта мешавад, то тасдиқи ҳайати нави девони вазирон, аъзои ҳукумат ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳанд.

Амри мазкур аз рӯзи ба имзо расиданаш мавриди амал қарор мегирад.

Ҳукумати пешинаро, ки ба истеъфо рафт, Аскар Мамин роҳбарӣ мекард, ки моҳи феврали соли 2019 сарвазир таъин шуда буд.

Қабл аз истеъфои ҳукумати Қазоқистон дар ин кишвар эътирозҳои густарда сурат гирифтанд. Тазоҳуроте, ки рӯзи якшанбе дар Жанаозен (шаҳри вилояти Мангистау дар ғарби Қазоқистон) алайҳи болоравии қимати гази моеъ оғоз шуд, ба гирдиҳамоиҳо дар саросари кишвар боис гардид.

Дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон мардум ба дастгирии эътирозгарон дар Жанаозен ба кӯчаҳо баромаданд. Ба ғайр аз талаби поин бурдани нархи гази моеъ, онҳо дар мавриди беҳбуди некӯаҳволии мардум, истеъфои ҳукумати феълӣ ва ғайра низ талабҳо пешниҳод намуданд. Дар бузургтарни шаҳри кишвар – Алмато бетарибиҳои оммавӣ оғоз шуданд.

Шаби гузашта президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Алмаато ва вилояти Мангистау реҷаи вазъи фавқулода ҷорӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба ҳаводиси рӯзҳои ахир президенти Қазоқистон  Токаев махсус ба мардум муроҷиат кард.

Дар паёми видеоии худ ӯ хост, ки ба иғвоҳои беруна ва дохилӣ дода нашавад.

Токаев таъкид кард, ки "қудрат суқут нахоҳад кард", аммо ба кишвар муноқиша ниёз надорад, балки ба эътимоди тарафайн ва гуфтугӯ ниёз дорад.  Раисиҷумҳур ҳамчунин ваъда дод, ки тамоми тақозоҳои қонунии эътирозгаронро ба инобат мегирад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.