Котиби давлатии ИМА суруди “Камароб”-и Сафармуҳаммадро гӯш мекунад

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар бораи сурудҳои дӯстдоштааш, ки онҳоро дар соли 2021 гӯш мекардааст, маълумот додааст. Байни онҳо таронаи “Камароб”-и овозхони тоҷик Сафармуҳаммади Рустам низ ҳаст. Плейлист (рӯйхат)-и таронаҳои дӯстдоштаашро Энтони Блинкен пеш аз Соли нав дар саҳифаи худ дар Twitter нашр кардааст. Ӯ ду рӯйхатро таҳти номҳои “Дома” (Дар хона) и “В […]

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар бораи сурудҳои дӯстдоштааш, ки онҳоро дар соли 2021 гӯш мекардааст, маълумот додааст. Байни онҳо таронаи “Камароб”-и овозхони тоҷик Сафармуҳаммади Рустам низ ҳаст.

Плейлист (рӯйхат)-и таронаҳои дӯстдоштаашро Энтони Блинкен пеш аз Соли нав дар саҳифаи худ дар Twitter нашр кардааст. Ӯ ду рӯйхатро таҳти номҳои “Дома” (Дар хона) и “В пути” (Дар роҳ) пешниҳод намудааст.

Дар рӯйхати “Дома” 17 суруди сарояндаҳои амрикоӣ ба мисли Ҷастин Бибер, Дайана Росс, Бруно Марс, Тейлор Свифт ва дигарон дохил шудаанд.

Дар плейлисти “В пути”-и роҳбари Департаменти давлатӣ таронаву мусиқии 38 иҷрокунанда, аз ҷумла Сафармуҳаммади Рустам, Adel, Stromae, Dua Lipa, Ориёно Саид ва дигарон гирдоварӣ шудааст.

Суруди “Камароб” дар зинаи 27-уми рӯйхати котиби давлатӣ қарор гирифтааст.

Энтони Блинкен аз 26 январи соли 2021 вазифаи котиби давлатии ИМА-ро бар дӯш дорад.

Суруди “Камароб” моҳи марти соли 2021 таҳифву манзур шуда, Сафармуҳаммад онро ҳамроҳи M.One иҷро мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.