Мавқеи Тоҷикистон: Омодаем дар доираи СПАД ба хотири сулҳ вориди Қазоқистон шавем

Asia-Plus

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки Тоҷикистон дар доираи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба Қазоқистон неру мефиристад. 

Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ният дорад, дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ барои расонидани кумак ба Қазоқистон ширкат кунад, омадааст дар ин изҳорот.

– Бо пойбандӣ ба дӯстии чандинасра ва принсипи шарокати стратегӣ, талошҳои Қазоқистонро барои барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар дастгирӣ мекунем. Бо риояи уҳдадориҳои ҳампаймонӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ният дорем дар амалиёти дастаҷамъонаи сулҳофарӣ барои расонидани кумак ба Қазоқистон ҷиҳати рафъи хатари бамиёномада ширкат намоем,- гуфта мешавад изҳорот.

Дар ин изҳорот, ки дар сомонаи расмии ВКХ Тоҷикистон нашр шудааст, инчунин гуфта мешавад, ин кишвар ривоҷи воқеаҳо дар Қазоқистонро пайгирӣ менамояд ва  аз пайдо шудани гурӯҳҳои яроқноки ғайриқонунӣ нигаронии амиқ менамояд. 

– Ташвиши роҳбарияти Қазоқистонро аз кӯшишҳои ноором кардани вазъ дар кишвар тавассути барангехтани рӯҳияи эътирозӣ комилан ҷонибдорӣ менамоем,- омадааст дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон.

Тоҷикистон изҳори итминон кардааст, ки “мардуми хирадманди Қазоқистон ва роҳбарияти он дар фурсати кутоҳтарин бо роҳи муколама ба хушунатҳо хотима мебахшанд”.

Ёдовар мешавем, ки бо дархости президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД тасмим гирифта буд, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон, ки узви ин созмон аст, як воҳиди неруҳои посдори сулҳро ба ин кишвар сафарбар мекунад.

Дар ин бора раиси феълии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, сарвазири Арманистон Никол Пашинян хабар дода буд.

Дар Қазоқистон рӯзи якшанбе алайҳи болоравии нархи гази моеъ эътирозҳои оммавӣ оғоз гардиданд. Гирдиҳамоиҳо нахуст дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау оғоз гардида, сипас дар дигар шаҳрҳо идома ёфтанд.

Дар пасманзари эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт. Дирӯз президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки Нурсултон Назарбоев дигар раиси Шӯрои амнияти кишвар нест.

Инчунин бино ба иттилои хабаргузории Фергана, шоми 5 январ маълум шуд, ки президент сардори Хадамоти асосии махсус – Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон – Карим Масимовро иваз намуда, ба ҷойи ӯ собиқ роҳбари хадамоти посбонии президент Ермек Сагинбаев ба ин вазифа таъин шудааст, хабар дода мешавад дар шабакаи Telegram-и нашрияи КазТАГ.

Ин нашрия ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки субҳи 6 январ дар Алмаато амалиёти густурдаи поксозии шаҳр аз ғоратгарон ва саркардагони ошӯб роҳандозӣ мешавад.

Дар пасманзари эътирозҳо дар шаҳр роҳзаниву ғоратгарӣ оғоз шуда, тақрибан 400 қаҳвахона, дӯконҳо ва биноҳои маъмурӣ ғорат карда шуданд. Ғоратгарон ҳамчунин мошинҳоро, аз ҷумла мошинҳои хадамоти изтирориро оташ заданд.

Даҳҳо эътирозгар фурудгоҳи байналмилалии Алматоро ғасб ва чанд соат зери тасарруф нигоҳ доштанд. То фаро расидани шаб ба мақомот муяссар шуд, ки эътирозгаронро аз фурудгоҳ берун кунанд.

Тибқи маълумоти ВАО-и Қазоқистон, дар ҷараёни бетартибиҳо 8 корманди пулис ва сарбозони Гвардияи миллӣ ҳалок шуда, 317 нафар ҷароҳат гирифтаанд.

Муовини раиси шаҳри Алмато бо мақсади таъмини тартибот “амалиёти махсуси зиддитеррористӣ”-ро дар шаҳр эълон кард.

Қобили зикр аст, ки акнун аз 5 то 19 январ дар саросари Қазоқистон реҷаи вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст.

Рӯзи 5 январ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев изҳор дошт, ки дастандаркорони бетартибиҳо дар Қазоқистон “гуруҳҳои террористии аслан байнулмилалӣ буда, дар хориҷи кишвар аз тамрини ҷиддӣ гузаштаанд ва ҳамлаи онҳо ба Қазоқистон бояд як амали таҷовузкорона арзёбӣ шавад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...