Вазири меҳнат аз чӣ гуна болоравии маоши миёна дар Тоҷикистон хабар дод

Дар қиёс бо соли гузашта (2020) ҳаҷми маоши миёна дар Тоҷикистон ба андозаи 157,8 сомонӣ зиёд шуд. Дар ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти соли 2021 рӯзи 5 январ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода изҳор намуд, ки  ба ҳолати 1 ноябри соли 2021 музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон ба 1520,6 сомонӣ […]

Дар қиёс бо соли гузашта (2020) ҳаҷми маоши миёна дар Тоҷикистон ба андозаи 157,8 сомонӣ зиёд шуд.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти соли 2021 рӯзи 5 январ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода изҳор намуд, ки  ба ҳолати 1 ноябри соли 2021 музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон ба 1520,6 сомонӣ (134,67 доллар тибқи қурби 5 январи соли 2022) баробар буд.

“Ин ба андозаи 11,6% ё худ 157,8 сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Нисбат ба аввали сол бошад, маоши миёна дар ҷумҳурӣ ба миқдори 9,1% ё худ 126,9 сомонӣ зиёд шуд”, – таъкид дошт вазир.

Музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) алҳол дар сатҳи пешина – 400 сомонӣ (36 доллар) боқӣ мемонад.

Маоши баландтаринро дар кишвар кормандони бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ гирифта, ба ҳисоби миёна он 4361 сомонӣ (386 доллар), кормандони соҳаи алоқа – 3240 сомонӣ (288 доллар) ва коргарони бахши истихроҷи кӯҳӣ – 3187 сомонӣ (282 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Маоши пасстаринро дар кишвар деҳқонон мегиранд, ки ба онҳо дар як моҳ ба ҳисоби миёна 742 сомонӣ (66 доллар) пардохт мешавад.

Бо вуҷуди зиёдшавии ҳаҷми музди меҳнати миёна, миёни кишварҳои паҳнои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми музди меҳнат зинаи охиринро ишғол мекунад.

Дар паёми президент ба парлумон зикр шуда буд, ки тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ музди меҳнати миёна дар кишвар 87 баробар, ҳаҷми нафақа – 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ – 75 баробар зиёд шуд.

Президент дастур дод, ки аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормнадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 20% ва аз 1 июли соли 2022 маоши ҳамаи кормандони буҷет – 20% боло бурда шавад.

Ҳамчунин ӯ дар бораи болоравии ҳаҷми маоши ҳадди ақал дар соли 2022 ба андозаи 50%, яъне аз 400 сомонии ҳозира то ба 600 сомонӣ хабар дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.