Суҳбатҳои Раҳмон бо Пашинян, Тоқаев ва Мирзиёв дар мавриди вазъи Қазоқистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бар асари вахим шудани вазъи амниятии Қазоқистон бар пайи эътирозҳо бо сарвазири Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД Никол Пашинян, раисҷумҳури Қазоқистон ва раисҷумҳури Ӯзбекистон суҳбатҳои телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, Никол Пашинян ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муроҷиати расмии узви Шӯрои амнияти дастаҷамъии […]

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бар асари вахим шудани вазъи амниятии Қазоқистон бар пайи эътирозҳо бо сарвазири Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД Никол Пашинян, раисҷумҳури Қазоқистон ва раисҷумҳури Ӯзбекистон суҳбатҳои телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, Никол Пашинян ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муроҷиати расмии узви Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, Президенти Қазоқистон Қосим–Жомарт Тоқаев дар бораи расонидани кумак аз ҷониби кишварҳои узви Созмон дар бартараф намудани таҳдиди бамиёномада маълумот додааст

"Эмомалӣ Раҳмон омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД тибқи ӯҳдадориҳои ҳампаймонии худ эълом намуд", – омадааст дар инхабар.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД тасмим гирифт, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон, ки узви ин Созмон аст, як воҳиди неруҳои посдори сулҳба ин кишвар сафарбар мекунад.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Қосим–Жомарт Тоқаев раисҷумҳури Қазоқистон низ телефонӣ суҳбат кардааст. Раҳмон аз талошҳои роҳбарияти Қазоқистон ҷонибдорӣ намуда, изҳори умедворӣ кардааст, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.

Дар суҳбат бо раисҷумҳури Узбекистон, Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи Қазоқистон пардохта "аз тарафҳои даргир дар ҳодисаҳои кунунӣ ба худдорӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти ба миёномада даъват карданд".- омадааст дар иттилоияе, ки дафтари матбуоти Мирзиёев нашр кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.