Аз роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Эрон 30 сол пур шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Эрон миёни президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки тайи ин давра кишварҳо ба мақсади дастрасӣ ба сатҳи баланди муносибатҳои созанда, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкориҳои фарогир ва таъмини дурнамои самараноки густариши онҳо мунтазам тадбирҳои амалӣ андешидаанд.

“Тоҷикистон ҳамвора ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи кишварҳоямон дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ ва эътимод, коркарду татбиқи тарҳу барномаҳо ва чораҳои созгор барои дастрасӣ ба ин ҳадафҳо мебошад”, – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар фарҷоми барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки “соли ҷашнӣ бо дастовардҳои навини худ муносибатҳои ду кишвари дӯсту бародарро рангин хоҳад кард”.

Дар навбати худ дар барқияи раиси Эрон таъкид мешавад, ки тӯли се даҳаи гузашта ду кишвар бо баҳрагирӣ аз муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва забонӣ тавонистаанд ба сатҳи бисёр болое аз муносибот дар арсаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ даст ёбанд, ки албатта бо дар назар гирифтани зарфиятҳои азими ду кишвар, имкони боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо, махсусан дар бахшҳои иқдисодӣ ба нуқтаи матлуб вуҷуд дорад.

“Дар ин росто бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои аввалин дидори расмии инҷониб аз кишвари зебои Тоҷикистон, ду тараф тавофуқ карданд, ки заминаҳои лозим барои иртиқои сатҳи ҳамкориҳои иқдисодӣ дар барномаҳои кории муҳими масъулини дахлдор қарор гирад ва фасли ҷадиде аз робитаҳои ҳамаҷониба бо пуштибонии эътимоди сиёсӣ шакл гирад”, – хотиррасон шудааст дар барқия.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар зарфи 11 моҳи соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон 93,2 млн долларро ташкил додааст, ки 44,6 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Ҳиссаи гардиши мол бо Эрон дар савдои хориҷии Тоҷикистон дар ин давра 1,7%-ро ташкил дода, дар сохтори гардиши муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон дар зинаи 9-ум қарор дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.