Даргузашти рӯзноманигори маъруфи радиову телевизион Ҳокими Азиз

Ҳокими Азиз рӯзноманигори варзидаи телевизион ва радиои Тоҷикистон баъд аз як бемории тӯлонӣ дар синни 61-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт. Даргузашти ин рӯзноманигори маъруф рӯзи якшанбеи  9-уми январ дар шаҳри Душанбе иттифоқ афтод, ки дирӯз ҷасади ӯ ба хок супурда шуд. Ҳокими Азиз аз рӯзноманигорони маъруф охири солҳои 90 ва ибтидои 2000-уми радиову телевизиони тоҷик […]

Ҳокими Азиз рӯзноманигори варзидаи телевизион ва радиои Тоҷикистон баъд аз як бемории тӯлонӣ дар синни 61-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

Даргузашти ин рӯзноманигори маъруф рӯзи якшанбеи  9-уми январ дар шаҳри Душанбе иттифоқ афтод, ки дирӯз ҷасади ӯ ба хок супурда шуд.

Ҳокими Азиз аз рӯзноманигорони маъруф охири солҳои 90 ва ибтидои 2000-уми радиову телевизиони тоҷик буд.
Хусусан барномаи "Суҳбати мардона"-аш  дар Телевизиони Тоҷикистон (1997-2000) бо шахсиятҳои бузурги фарҳангиву сиёсӣ ва илмӣ хеле маъруф буд ва бинандаи бешумор дошт.

Ин рӯзноманигори фақид, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва  аз соли 1986 дар Радиои Тоҷикистон фаъолиятро шурўъ карда, ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои адабию драммавӣ  кор кардааст. Бештар аз 30 шумораи силсилагуфтори «Дар суҳбати адиб» – и ин рӯзноманигори варзида  дар «Хазинаи тиллоӣ» – и радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Солҳои 1997- 2005 дар Телевизиони тоҷикистон  ба унвони муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ кор кардааст.

Фаъолияти минбаъдаи ин рӯзноманигори варзида дар матбуоти даврӣ ва мақомоти давлатӣ сипарӣ шуд. Муддате дар чанд нашрияи Вазорати маорифи икшвар кор мекард, муаллифи чандин китобҳо аз рӯзгори ҳунармандону шахсиятҳои фарҳангӣ мебошад. Осори насрие ҳам дар заминаи ҳикояву қиссаҳо ва повестҳо менавишт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.