Номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Тоқаев: “дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ”

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев барқияи таслият ирсол намуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон. "Ба Шумо ва мардуми Қазоқистон дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ бар асари ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои охир дар як қатор минтақаҳои кишвар изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунам".- омадааст дар иттилоия. Дар пайванд ба эътирозҳо ва […]

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев барқияи таслият ирсол намуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Ба Шумо ва мардуми Қазоқистон дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ бар асари ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои охир дар як қатор минтақаҳои кишвар изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунам".- омадааст дар иттилоия.

Дар пайванд ба эътирозҳо ва даргириҳои ахир дар Қазоқистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардии халқи тоҷикро ба мардуми Қазоқистон, ба вижа наздикону пайвандони қурбониён иброз доштааст.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дода буд, ки дар нооромиҳои ахири ин кишвар 164 нафар ҳалок шудаанд.

Дар шаҳри Алмато 103 нафар, аз ҷумла ду кӯдак, дар вилояти Қизилорда – 21 нафар, дар Ҷамбул – 10 нафар ва дар вилояти Алмато – 8 нафар кушта шудаанд. Вазорат дар бораи дар кадом вилоят кушта шудани боз 22 нафари дигар маълумот надодааст.

Ба иттилои манбаъ дар ҷараёни эътирозҳо 7 корманди пулис, аз ҷумла хизматчиёни қатории 18 ва 19-сола низ кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?