Номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба Тоқаев: “дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ”

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев барқияи таслият ирсол намуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Ба Шумо ва мардуми Қазоқистон дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ бар асари ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои охир дар як қатор минтақаҳои кишвар изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунам".- омадааст дар иттилоия.

Дар пайванд ба эътирозҳо ва даргириҳои ахир дар Қазоқистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардии халқи тоҷикро ба мардуми Қазоқистон, ба вижа наздикону пайвандони қурбониён иброз доштааст.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дода буд, ки дар нооромиҳои ахири ин кишвар 164 нафар ҳалок шудаанд.

Дар шаҳри Алмато 103 нафар, аз ҷумла ду кӯдак, дар вилояти Қизилорда – 21 нафар, дар Ҷамбул – 10 нафар ва дар вилояти Алмато – 8 нафар кушта шудаанд. Вазорат дар бораи дар кадом вилоят кушта шудани боз 22 нафари дигар маълумот надодааст.

Ба иттилои манбаъ дар ҷараёни эътирозҳо 7 корманди пулис, аз ҷумла хизматчиёни қатории 18 ва 19-сола низ кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.