Қирғизистонии моҳи ноябр дар Тоҷикистон боздоштшуда ба ватан баргардонида шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Шаҳрванди Қирғизистон, ки 1 ноябри соли 2021 дар Тоҷикистон боздошт шуда буд, ба ватан баргардонида шуд, хабар медиҳад 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, моҳи ноябри соли гузашта дар қитъаи роҳи мошингарди Арка – Борбордуки ноҳияи Лайлак кормандони КДАМ Тоҷикистон шаҳрванди 29-солаи Қирғизистон Р.И.-ро боздошт намуда буданд.

“Ба туфайли тадбирҳои андешида аз ҷониби намояндаи Хадамоти марзбонӣ дар вилояти Ботканд 10 январ шаҳрванди Қирғизистон тариқи гузаргоҳи «Кулунду-автодорожный» дар ноҳияи Лайлак ба ватан баргардонида шуд”, – иброз доштаанд дар Хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя.

Дар хабар гуфта намешавад, ки шаҳрванди Қирғизистон барои чӣ дар Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи хабарҳои қаблӣ, охири моҳи ноябри соли 2021 Тоҷикистон боз 3 қиргизистонии дигарро низ ба ватанашон баргардонида буд.

Зикр шуда буд, ки дар вохӯрии намояндагони Хадамоти марзбонии кишварҳо, ки 26 ноябр доир гардид, чунин тасмим гирифта шуда буд.

Баъдан нимаи моҳи декабри соли гузашта мақомоти Қирғизистон изҳор дошта буданд, ки дар Тоҷикистон 7 нафар қирғизистониҳо боздошт шудаанд.

Он замон зикр шуда буд, ки дар Қирғизистон низ шаҳрвнадони боздоштшудаи Тоҷикистон ҳастанд.

“Бо сабаби наздикии деҳаҳо дар сарҳад, сокинон тасодуфан дар он самти марз қарор мегиранд. Ба мо маълумот расид, ки  дар Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марз 2 шаҳрванди Қирғизистон маҳкум шудаанд. Дар бораи ба ватан баргардонидани онҳо гуфтушунид дорем. Дар доираи қонунҳои мо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд. Баъдан агар дар қонунгузорӣ пешбинӣ шуда бошад, мо онҳоро ба ҷониби Тоҷикистон медиҳем”, – изҳор дошта буд он замон зимни нишасти хабарӣ намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбоев.

Аммо дар бораи тақдири шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол чизе маълум нест. “Азия-Плюс” талош варзид, ки аз ҷузъиёти боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Қирғизистон аз хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон дастрас кунад, лекин аз он ҷо ирсоли дархости расмӣ талаб намуданд. Ба дархости расмӣ то имрӯз посух дода нашудааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...