ВАО: ВКД Русия пас аз таҳдиди таркондани сафорати Тоҷикистону Қирғизистон санҷиш мегузаронад

Asia-Plus

Кормандони пулиси Маскав пас аз пахши хабарҳои муаллифонашон номаълум дар бораи минакорӣ шудани сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Маскав бо талаби хуруҷи нирӯҳои ин кишварҳо аз Қазоқистон санҷиш гузарониданд. Дар ин бора ТАСС ва хабаргузории “Москва” бо истинод ба манбаъҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳанд.

“Чанде пеш рӯзона аз суроғаи номаълуме хабар расид, ки дар бинои сафоратхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дастгоҳи пуриқтидори таркишӣ гузошта шуда, агар кӯшиши безарар кардани он сурат гирад, таркиш ба амал меояд. Дар ҳамин ҳол, шахсони номаълум талаб карданд, ки неруи ин кишварҳо аз Қазоқистон бароварда шавад”, – иброз доштааст манбаи ТАСС.

Кормандони пулис ва сагҳои хидматӣ ба ҷои ҳодиса фиристода шуданд. Дар ҷараёни тафтиши биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ дастгоҳ ё маводи тарканда пайдо нашуд, менависад нашрия. Кормандон ба дигар ҷой интиқол наёфтаанд.

“Аз рӯйи ин далел санҷиш гузаронида мешавад”, – илова намудаст манбаи хабаргузории ТАСС.

Манбаи хабаргузории “Москва” зикр кардааст, ки зимни санҷиши сафоратхонаи Қирғизистон кормандони он ба ҷойи дигар интиқол дода шуданд.

“Кормандони пулис бо саги хидматӣ бинои сафорат ва мавзеи гирду атрофи онро аз назар гузарониданд. Кормандони сафорати Қирғизистон ба ҷойи дигар интиқол дода шуданд. Дар ҳар ду бино дастгоҳ ё маводи тарканда дарёфт нашуд”, – гуфтааст манбаъ.

Дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав то ҳол ба нашрия ин масъаларо шарҳ надодаанд.

Хабаргузории “Азия-Плюс” бо дархости шарҳи масъала ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кард.

Хабаргузории ТАСС хотирррасон менамояд, ки рӯзи 7 январ низ афроди номаълум ба почтаи электронии сафоратхонаҳои Арманистон ва Беларус бо таҳдиди таркиш нома фиристодаанд. Дар ин номаҳо ҳам тақозо шудааст, ки нерӯҳои ин кишварҳо аз қаламрави Қазоқистон хориҷ карда шаванд. Гузоришҳо бардурӯғ буда, ягон дастгоҳ ё маводи тарканда пайдо нашудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.