ВАК ба Моҳрухсор, Ҳайётой Муъминова, Хурсандмурод Зарипов ва чанде дигар унвони илмӣ надод. ИСЛОҲШУДА

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) ва ё ВАК-и Тоҷикистон рӯйхати довталабону унвонҷӯёнеро нашр кардааст, ки дар давоми соли 2021 ба беш аз 40 нафари онҳо унвонҳои илмии профессору дотсентро надодааст. Дар байни онҳо чеҳраҳои саршинос, вакилони парлумон, намояндагони фарҳангу адаб ва устодони донишгоҳу донишкадаҳо низ ҳастанд.

Ин ниҳод далели рад шудани дархостҳо барои дарёфти ин унвонҳои илмиро номуносиб будани ин афрод ба тартиби додани унвонҳои илмӣ дар Тоҷикистон гуфтааст. 

КОА-и Тоҷикистон бо нашри фармонҳои рад кардани додани унвони илмӣ дар сомонаи расмиаш менависад, ки аксари онҳое ки дархосташон рад карда шуд, ба бандҳои мухталифи “Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор)” ва “Дастурамал оид ба тартиби баррасии масъалаҳои додан, маҳрум сохтан ва барқарор намудани унвонҳои илмӣ” мутобиқат намекарданд.

Дар байни онҳое, ки дархосташон барои гирифтани унвони илмӣ аз ҷониби КОА-и Тоҷикистон рад карда шуд, исми чанде чеҳраҳои маъруф низ ҳаст. Аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Моҳрухсор Сафизода, овозхонҳо Хурсандмурод Зарипов, Ҳаётхон (Ҳаётой) Муминова, котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон Наргис Раҳмонова низ ҳастанд.

КОА хабар медиҳад, ки бар асоси аризаи вакили ҳозираи парлумон аз ҳавзаи Данғара Лутфия Абдухолиқзода, ки дар гузашта ректори Академияи идоракунии назди президент ва сардори Раёсати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буд, дархости Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон баро додани унвони илмии дотсентӣ аз баррасӣ бозхонд карда шуд.

Корманди Вазорати маориф ва илм Абдусамад Муллоев, ноиби ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Салим Каримзода, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Дилбар Самадова ва чанде аз деканҳои факултаву мудирони кафедраву устодони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон низ шомили ин рӯйхат шудаанд.

Рад кардани додани унвони илмӣ ба олимон аз ҷониби КОА Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи августи соли 2021 амри президент дар бораи баъди иҷозаи раисиҷумҳур ба таҳқиқи илмӣ сару кор гирифтани мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон имзо шуд.

Ин амри президент дар ҳолест, ки дар 3-4 соли ахир пойгоҳи таҳқиқии "Диссернет" бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардӯздӣ ва рӯйбардору нусхабардории корҳои илмияшон муттаҳам кард, ки дар миёни онҳо мансабдорони баландмақоми давлат, аз ҷумла Давлаталӣ Саидзодаву Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовинони сарвазири Тоҷикистон, Асадулло Раҳмон мушовири Эмомалӣ Раҳмон дар умури кадр ва бархе вазирону ректорони донишгоҳҳо ва чанде дигар аз мансабдорони радаҳои поёнӣ низ буданд.

Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифатва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".

Ба рӯихати пурраи онҳое, ки дархосташон аз ҷониби КОА Тоҷикистон барои гирифтани унвони илмӣ рад шудааст, дар инҷо шинос шавед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...