Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавриди болоравии нархи билетҳо чораҷӯӣ мекунад

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Раҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди рӯзҳои ахир болоравии нархи билетҳои ҳавопаймо чораҷӯӣ мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ниҳоди мазкур.

Ба гуфтаи манбаъ, нархи билетҳо беасос буоло бурда шуда, аз ин рӯ, онҳо аз ширкатҳои ҳавопаймои талаб хоҳанд кард, ки билетҳоро бо нархҳои қимат нафурӯшанд.

“Мо мухолифи болоравии нархҳоем ва намехоҳем, ки мусофирон мушкилӣ дошта бошанд. Бо мақсади пешгирии беасос болоравии нархҳои билетҳои ҳавопаймо, дар доираи салоҳияти худ чораҷӯӣ мекунем. Намояндагони ширкатҳои ҳаврпаймоӣ ба наздикӣ ба Агентӣ даъват шуда, огаҳ карда мешаванд, ки нархҳоро поин баранд”, – хабар дод манбаъ.

Ҳамчунин зикр шуд, ки замони авҷи пандемия ва роҳандозии парвозҳои чартерӣ ба онҳо дастур дода шуда буд, ки нархгузории билетҳои ҳавопайморо пайгирӣ намоянд, лекин пас аз барқарор шудани парвозҳои мунтазам, ба ин кор бояд Хадамоти зиддиинҳисорӣ машғул шавад.

“Баъди азсаргирии хатсайрҳои мустақим ва ба низоми то коронавирус баргаштани шумори мусфоирон, ба танзими нархҳо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷавобгӯ аст”, – изҳор доштанд дар Агентӣ.

Ҳафтаҳои ахир арзиши билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия ба таври назаррас боло рафт. Агар то Соли нав харидани он бо маблағи аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 177 то 265 доллар) имкон дошт, пас ҳоло нархи билетҳо қариб ду баробар – зиёда аз 6 ҳазор сомонӣ (530 доллар) боло рафтааст. Ин зиёдтар аз нархи муқарраркардаи Агентиии авиатсияи граждании кишвар ба парвоз аз Душанбе ба Маскав ва бозгашт мебошад.

“Арзиши билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Маскав, ки 19-уми январ аз ҷониби ширкати «Сомон Эйр» анҷом дода мешавад, 6 ҳазору 297 сомонӣ ва дар рӯзи дигар боз гаронтар – 6 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад. Худи ҳамон рӯз аз Душанбе ба Маскав метавон аз ширкати «Уральские авиалинии” бо нархи 6 ҳазору 492 сомонӣ билет дарёфт намуд”, – хабар доданд дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшии Душанбе.

Қаблан яке аз фурӯшандагони хазинаҳои пойтахт бо номи Алишер ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки босуръат болоравии арзиши билетҳои ҳавопаймо ба оғози мавсими нав ва талаботи баланди мусофирон вобаста аст.

“Тайи ҳафтаҳои ахир талабот ба билетҳои ҳавопаймоӣ босуръат зиёд шуда, дар баробари ин, арзиши онҳо бамаротиб боло рафт. Дар ҳамин ҳол, болоравии арзиши билетҳо натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ба мушоҳида мерасад”, – гуфт Алишер.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...