Қирғизҳо мошини як сокини Чоркуҳро, ки ба Ворух хӯрок мебурд, сангборон карданд

Дирӯз, 20 январ шаҳрвандони Қирғизистон автомошини боркаши тамғаи “Камаз” – и шаҳрванди Тоҷикистон Насруллобек Асламовро, ки ба деҳаи Ворух маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрокӣ мебурд сангборон кардаанд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Оқсойи Қирғизистон рух дода, дар натиҷа ронанда сокини ҷамоати деҳоти […]

Дирӯз, 20 январ шаҳрвандони Қирғизистон автомошини боркаши тамғаи “Камаз” – и шаҳрванди Тоҷикистон Насруллобек Асламовро, ки ба деҳаи Ворух маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрокӣ мебурд сангборон кардаанд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Оқсойи Қирғизистон рух дода, дар натиҷа ронанда сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара осеб дида, тирезаҳо ва чароғҳо-и автомобил шикастаст.

– Ин рафтори иғвобарангезонаи сокинони Оқсой бори дигар нишон дод, ки онҳо бо ҳар восита мехоҳанд вазъро номуътадил намуда, байни аҳолӣ низоъ ангезанд, – гуфтааст дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара.

Роҳи миёни Чоркӯҳ ва Ворух аз миёни маҳаллаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, ва ин макон то ин вақт борҳо шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ қарор аст, имрӯз 21 январ масъулони ҷамоатҳои наздимарзии Исфара вуқӯъи ин ҳодисаро якҷо бо масъулони ноҳияи Ботканд ба баррасӣ гузоранд.

Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Қобили зикр аст, ки дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб 55 нафар кушта, ҳудуди 300 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, даҳҳо манзил ва иншооти дигар тахриб шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.