10 ба 10: фардо дар Норвегия музокироти серӯзаи Толибон бо сиёсатмадорону фаъолони Афғонистон оғоз мешавад

Date:

Фардо, 22-юми январ дар Норвегия музокироти серӯзаи "Толибон" бо ҷамъе аз сиёсатмадорон ва фаъолони ҷомеаи мадании Афғонистон оғоз мешавад. Гуфта мешавад дар ин музокирот 10 нафар аз Толибон ва 10 нафар аз сиёсатмадорону фаъолон ширкат мекунанд.

Сайид Исҳоқ Гелонӣ, раиси наҳзати ҳамбастагии миллӣ ва яке аз чеҳраҳои таъсиргузори Афғонистон ба телевизиони "Як"-и Афғонистон гуфтааст, ки дар ин гуфтугӯҳо дар мавриди ташкили ҳукумати фарогир баҳс хоҳад шуд. 

Гелонӣ гуфтааст, ки бо намояндагӣ аз сиёсатмадорон ва ҷомеаи маданӣ аз Кобул ӯ, Ҷаъфар Маҳдавӣ аз аъзои олирутбаи ҷунбиши "Рӯшноӣ" ва Маҳбуба Сироҷ, рӯзноманигор ва фаъоли ҳуқуқи зан дар Афғонистон ва 7 нафари дигар аз чеҳраҳои сиёсӣ ва фаъолони Афғонистон, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор доранд, ширкат мекунанд. 

Аммо ҳукумати Толибон дар бораи ин нишаст ва ҳайати тими 10-нафарияшон барои музокироти Норвегия чизе нагуфтаанд.

Ин дар ҳолест, ки се рӯз пеш, Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯйи Толибон дар саҳфаи Твиттараш навишта буд, ки Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати Аморати исломӣ бо сафири Норвей Андерс Линдман ва ҳайати ҳамроҳаш дар Кобул мулоқот кард. 

Аммо Самангонӣ дар мавриди музокироте, ки қарор аст рӯзи шанбе дар Норвегия оғоз шаванд, чизе нагуфтааст.

Ҳамчунин Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳам дар саҳфаи фейсбукияш навиштааст, ки бо Линдман мулоқот кардааст, вале Абдуллоҳ ҳам дар бораи музокироти серӯзаи 22-юми январ чизе нагуфтааст.

Ҳукумати Толибон баъди тасарруфи Кобул, ки наздик ба 6 моҳ мерасад, ба дунболи касби машруъият аст. Аммо то кунун ҳеч кишваре ҳукумати толибонро, ҳатто кишварҳои ҳомии ин гурӯҳ ба расмият нашинохтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...