Моҳи феврал дар Тоҷикистон сербарфу пурборон мешавад

Asia-Plus

 

Бодуҳавошиносони Тоҷикистон моҳи февралро яке аз сербориштарин моҳҳо дар чанд соли ахир пешгӯйӣ мекунанд. Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Оҷонсии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки моҳи феврал дар кишвар боридани барфу борони зиёд, аз ҷумла барфи тар пешгӯйӣ мешавад. 

Байдуллоева ба хабаргузории "Ховар" гуфтааст, ки дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ  мешавад. Дар водиҳо 3+8 дарҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Давоми моҳ зуд-зуд ба амал омадани боришоти борон ва барфи тар аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд, гуфтааст Байдуллоева.

Ин масъули Оҷонсии обуҳавошиносӣ ҳарорати ҳаворо дар вилояти Суғд дар моҳи феврал 3+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-5 дараҷа хунук пешгӯйӣ кардааст. Дар ин вилоят давоми моҳи феврал тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 1-6 дараҷа хунук то 1+6 дараҷа гарм, рӯзона бошад аз 2+7 дараҷа гарм то 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7 дараҷа хунук то 10-15 дараҷа хунук, рӯзона аз 0-5 дараҷа хунук то 2+7 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи боришот дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад.  Дар рӯзҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ)  ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи феврал дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, 0-5 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад, -гуфтааст Ҷамила Байдуллоева.

"Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 9- 15 дараҷа хунук, рӯзона бошад аз 0-5 дарача хунук то 2+7 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ба амал омадани боришоти шиддатҳои гуногундошта дар назар дошта шудааст. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд",-ҳушдор додааст ин масъули Оҷонсӣ.

Ба назари Оҷонсии обуҳавошиносӣ, дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи феврал ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 10-15 дараҷа хунук, дар мавзеи Булункӯл то 19 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар буда, рӯзона то 7-12 дараҷа хунук, шабона то 22-27 дараҷа хунук мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.