Раисҷумҳури Арманистон Армен Саркисян истеъфо дод: “салоҳияти кофӣ надорам”

Президенти Арманистон Армен Саркисян аз мақоми худ истеъфо дод. Ӯ гуфт, дар ин мақом аз салоҳиятҳои кофӣ бархурдор нест, то дар сиёсати кишвар ва масъалаҳои ҷангу сулҳ таъсиргузор бошад. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.  Саркисяни 68-сола бо нашри як изҳорот дар сомонаи расмии президенти Арманистон афзудааст, "кишвар дар як воқеияте қарор […]

Президенти Арманистон Армен Саркисян аз мақоми худ истеъфо дод. Ӯ гуфт, дар ин мақом аз салоҳиятҳои кофӣ бархурдор нест, то дар сиёсати кишвар ва масъалаҳои ҷангу сулҳ таъсиргузор бошад. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад. 

Саркисяни 68-сола бо нашри як изҳорот дар сомонаи расмии президенти Арманистон афзудааст, "кишвар дар як воқеияте қарор дорад, ки раисҷумҳур наметавонад аз бештари тавонмандиҳояш барои иҷрои вазифаҳои низом истифода барад".

Ба гуфтаи ӯ, дар вазъияти кунунӣ президенти Арманистон абзореро надорад, ки "ба кишвари худ мусоидат намояд".

Дар Арманистон барои тағйири Конститутсияи он кишвар комиссия ташкил шудааст. Саркисян изҳори умед кардааст, ки шояд президенти ояндаи Арманистон баъди тағйири Конститутсия тавонад дар "доираи нисбатан баробар" фаъолият кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.