Дар Қазоқистон мехоҳанд, ки эътирозгаронро дигар таъқиб накунанд

Як гуруҳ аз сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон 22 январ дар назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ шуда, талаб карданд, таъқиби фаъолон ва шаҳрвандоне қатъ шавад, ки дар эътирозҳои оммавии аввали моҳи январ дар ин кишвар иштирок доштанд. Таҷаммуъгарон дар даст шиорҳои "Мардум террорист нестанд!", "Талаб мекунем, таъқибҳо қатъ шаванд!" ва "Нест бод, беқонунӣ!"-ро доштанд. Эътироз ҳамагӣ 15 […]

Як гуруҳ аз сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон 22 январ дар назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ шуда, талаб карданд, таъқиби фаъолон ва шаҳрвандоне қатъ шавад, ки дар эътирозҳои оммавии аввали моҳи январ дар ин кишвар иштирок доштанд.

Таҷаммуъгарон дар даст шиорҳои "Мардум террорист нестанд!", "Талаб мекунем, таъқибҳо қатъ шаванд!" ва "Нест бод, беқонунӣ!"-ро доштанд. Эътироз ҳамагӣ 15 дақиқа давом кардаанд, хабар медиҳад, Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ. 

"Мо наметавонем, хомуш нишинем. Ин номумкин аст. Ҳар рӯз мешунавем, ки сокинони одиро барои иштирок дар тазоҳуроти осоишта таъқиб мекунанд. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки аз онҳо ҷонибдорӣ намоем", – изҳор дошт яке аз таҷаммуъгарон Алма Карашаева.

Кормандони ширкати "Кезби"-и шаҳр низ рӯзи ҷумъа бо талаби ҳамсон муроҷиати видеоиеро нашр карданд. Онҳо гуфтанд, агар таъқибҳо қатъ нашавад, дубора даст ба тазоҳурот мезананд.

Ҳаводиси аввали моҳи январи соли равон дар Қазоқистон аз эътирозҳо дар Жанаозен оғоз шуда буд. Сокинони ин шаҳр дар эътироз ба болоравии нархи газ тазоҳурот карда буданд. Ин тазоҳурот то ба минтақаҳои дигар низ паҳн шуд. Эътирозҳо баъдан ба хушунат печиданд ва даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.