Коронавирус дар Тоҷикистон: 26 ҳолати сироятёбӣ дар 1 шабонарӯз

Давоми як шабонарӯз (22-23 январ) тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 26 нафар зиёд шудааст. Гуфта мешавад, теъдоди умумии сироятёфтагон дар кишвар аз оғози пандемия ба 17 ҳазору 180 нафар расид. Шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 124 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 16 ҳазору 971  […]

Asia-Plus

Давоми як шабонарӯз (22-23 январ) тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 26 нафар зиёд шудааст.

Гуфта мешавад, теъдоди умумии сироятёфтагон дар кишвар аз оғози пандемия ба 17 ҳазору 180 нафар расид.

Шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 124 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 16 ҳазору 971  нафар ё худ 98,9%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пӯшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

То санаи 20 январи соли равон беш аз 4 млн 355 ҳазору 582 нафар (75,6%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди мамлакат 3 млн 636 ҳазору 802 нафар (63,1%) шаҳрвандон гирифтаанд. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар зарур аст.

Бо назардошти дар саросари дунё зуҳур намудани штамии нави коронавирус – “омикрон”, ки аллакай дар кишварҳои ҳамсоя расман сабт шудааст, мақомоти Тоҷикистон ба бозэмкунӣ ё реваксинатсияи аҳолӣ шурӯъ намуданд.

Дар Тоҷикистон барои эмкунии аҳолӣ аз сирояти коронавирус аз 5 навъи ваксинаҳо истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.

Қаблан дар як маводи “Азия-Плюс” зикр шуд, ки аз охири моҳи декабри соли гузашта дар саросари Тоҷикистон як зуком (грипп)-и аҷиб паҳн мешавад, дар озмоишгоҳҳо даҳҳо ҳолати коронавирус ошкор шуда, табибон дар бораи аломатҳои штамми “Омикрон” ҳарф мезананд, лекин Вазорати тандурустӣ мавҷудияти вирусро дар кишвар рад мекунад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи гирифтор шуданашон ба сирояти коронавирус ва натиҷаи мусбат нишон додани тесташон маълумот медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.