Дар соли 2021 нарху таърифаҳо дар Тоҷикистон 8% боло рафтанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар соли 2021 мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон  8%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда ба андозаи 1,4 банди фоизӣ пасттар нисбат ба соли пешин аст.

“Раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо асосан аз ҳисоби омилҳои дорои хусусияти таклифотӣ, мавсимӣ, фишорҳои берунӣ ба амал омад”, – таъкид мешавад дар “Шарҳи таваррум”-и БМТ.

Мувофиқи арзёбии Бонки миллӣ, таваррум дар сатҳи зикршуда ба болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа ва маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ мусоидат намуд.

Дар Дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон мизони таваррум барои соли 2022 дар ҳудуди 6,0% (+2 б.ф.) пешбинӣ шудааст.

“Хавфҳои асосие, ки пайдоиши онҳо дар соли 2022 пешбинӣ мегардад, ин пешбурди сиёсати қатъии монетарӣ аз ҷониби Бонки марказии ИМА мебошад. Зеро дар мавриди баланд бардоштани меъёри фоизӣ аз ҷониби Бонки марказии ИМА эҳтимолияти афзоиш ёфтани фишорҳои қурбию таваррумӣ дар минтақа, бахусус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконпазир мебошад”, – зикр мегардад дар санад.

Гуфта мешавад, аз ин лиҳоз дар соли 2022 омилҳое, ки бештар ба болоравии сатҳи таваррум дар дохили кишвар таъсир мерасонанд, асосан хусусияти ғайримонетарӣ дошта, аз ҳисоби таконҳои берунӣ – болоравии нархҳои ҷаҳонии молҳои хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ ба вуҷуд меоянд, зеро дар бозорҳои ватанӣ ҳиссаи зиёди молу маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад (дар сабади

истеъмолӣ молу маҳсулоти воридотӣ қариб 60,0 фоизро ташкил медиҳад).

“Илова бар ин, – омадааст дар Дурнамо. – Вазъи ноустувори сиёсӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва минтақа метавонад ба суръати рушди иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ расонида, то андозае ба фишорҳои иловагии қурбию таваррумӣ замина гузорад”.

Ёдрас мекунем, ки дар соли пандемии 2020 дар Тоҷикистон сатҳи рекордии таваррум тайи 10 соли охир – 9,4% ба қайд гирифта шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...