7 муштзани тоҷик барои медалҳои тиллои қаҳрамонии бокси Осиё мубориза мекунанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар қаҳрамонии бокси ҷавонони Осиё 7 варзишгари тоҷик, рӯзи 29-уми январ барои медали тилло талош хоҳанд кард. Бино ба иттилои Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, дар нимфинал 9 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон  набард кард, 5 нафар ба финал рохат гирифтанд. 

Ду нафари дигар қаблан роҳхати даври финалро гирифта буданд. 

Ба иттилои манбаъ, аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин сабқати ҷавонони то 22-сола, 4 нафари дигар медал биринҷӣ ба даст оварданд.

Гуфта мешавад, ки варзишгарони тоҷик, Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51кг), Абдумалик Болтаев (-75кг), Некрӯз Салимов (80кг) ва Шаҳбоз Ҳайитов (86кг), Давлат Болтаев мебошанд (92)кг, Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) ва Сумайя Қосимова (48кг)  бахти худро барои ба даст овардани медали тилло месанҷанд. 

Хусравхон Раҳимов (57кг) ва Расул Аҳадов (67кг) дар нимфинал мағлуб шуда, медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бояд гуфт, ки нахустин қаҳрамонии бокси ҷавонони Осиё дар шаҳри Тошканди Узбекистон 22 январ оғоз гардид.
Дар даври нимфинал миёни бонувон,  Сумайя Қосимова (-48кг) бе муҳориба пирӯз шуд. Ҳарифаш аз Ҷопон Ҳикару Като аз сабқат даст кашид. Малика Нозимова ва Ҳусния Холова аз ҳарифонашон шикаст хурданд ва сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Муҳорибаҳои финалӣ бо иштироки намояндагони Тоҷикистон:
48кг – Сумайя Қосимова – Фарзона Фозилова (Узбекистон)
51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода – Муҳаммадқодир Мамирҷонов (Узбекистон)
75кг – Абдумалик Болтаев – Абдулазиз Абдупаттаев (Узбекистон)
80кг – Некрӯз Салимов – Ҷасурбек Юлдошев (Узбекистон)
86кг – Шаҳбоз Ҳаитов – Тимур Мирҷонов (Узбекистон)
92кг – Давлат Болтаев – Рустам Урусбек уулу (Қирғизистон)
+92кг – Муҳаммад Аброриддинов – Ҷаҳонгир Зокиров (Узбекистон)

Дар ин мусобиқот 190 варзишгар аз 12 давлати қораи Осиё иштирок доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...