Хонаҳоятонро зуд барқарор мекунем: раиси вилояти Суғд ба хабаргирии зарардидагон рафт

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода захмиёни даргириҳои марзии рузи 27-уми январро дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара аёдат намуда, ҳамчунин, бо сокинон деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара дидор кард.

Аз ин пештар, Аҳмадзода барои ҳамдардӣ ба хонавода ду қурбонии ин рӯйдодҳо рафта буд. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон гуфт, хонаҳои зарардида дар муҳлати кутоҳ барқарор карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз натиҷаи гуфтушуниди гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон ба сокинон маълумот дода гуфтааст, минбаъд пеши роҳи муноқишаҳои марзӣ сари вақт гирифта мешавад.

– Аз мардум даъват ба амал оварда шуд, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд, – менависад дафтари матбуотии раиси вилоят.

Манбаъ мегӯяд, Раҷаббой Аҳмадзода дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба ҷароҳатбардоштагон аз номи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои моливу пулӣ расонида, гуфтааст, ки табибони варзида ва мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят саломатии захмиёнро барқарор намуда истодаанд.

– Раванди табобат зери назорати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор гирифта, дар асоси супориши Президенти мамлакат тамоми лавозимоти зарурӣ ва доруворӣ дастрас карда шудааст,- навиштааст манбаъ.

Бояд гуфт, ки имрӯз, ҳамчунин, Раҷаббой Аҳмадзода ба хонаи яке аз кушташудагони даргириҳои охири марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Обидҷон Тӯйчиев рафта, ба пайвандони ӯ аз номи ҳукумати Тоҷикистон изҳори тасаллият намуда буд.

Ӯ дар мулоқотҳои худ гуфтааст, вазъи баамаломада зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раванди ҳалли масъалаҳои марзиро зери назорати худ гирифта, барои ҳалли саривақтии он мақомоти дахлдорро вазифадор намудааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирии навбатӣ сар зад, ки дар натиҷа 2 сокини Исфара кушта ва ҳудуди 20 тани дигар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани 11 нафар шаҳрванди худ хабар медиҳад. Тоҷикистон Қирғизистонро  барои оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд, аммо кишвари ҳамсоя моро гунаҳкор медонад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...