Ривоятҳои талхи як шаби хунини Исфара: хонаҳои сӯхтаву ҳавлиҳои пур аз пасмондаи тири миномиёт

Мардуми Исфара аз шом ва шаби 27 ба 28-уми январ қиссаҳои талхе мекунанд. Дар ин даргириҳо аз сӯйи неруҳои Қирғизистон  хонаҳои зиёде тирборон ва оташ зада шудаанд, ки хисороти барҷойгузошта ба миллионҳо мерасад. Хабарнигори "Азия-Плюс" субҳи имрӯ ба суроғи мардуме рафт, ки хонаҳояшон дар ин даргириҳои хунун зарар дидаву ба коми оташ рафтаанд. Ё бому […]

Мардуми Исфара аз шом ва шаби 27 ба 28-уми январ қиссаҳои талхе мекунанд. Дар ин даргириҳо аз сӯйи неруҳои Қирғизистон  хонаҳои зиёде тирборон ва оташ зада шудаанд, ки хисороти барҷойгузошта ба миллионҳо мерасад.

Хабарнигори "Азия-Плюс" субҳи имрӯ ба суроғи мардуме рафт, ки хонаҳояшон дар ин даргириҳои хунун зарар дидаву ба коми оташ рафтаанд. Ё бому дар ва ҳавилии бисёре аз сокинони деҳаҳои Сомониёну Хоҷаи Аълои ҷамоатҳои Сурху Чоркӯҳ пур аз пасмондаҳои тир, хусусан тирҳои миномиёту нориҷакандозанд. 

Бино ба тахминҳои пешаки мақомот танҳо дар деҳаи Сомониён 11 хонаи сокинон аз тиру гулӯлаҳои неруҳои Қирғизистон зарар дида, як бунгоҳи тиббӣ дар ин деҳа хароб шудааст. Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ҳам мегӯянд, ҳудуди 10 хонаи онҳо дар натиҷаи асосан партоб шудани мушак оташ гирифтву вайрон шудааст. Ҳоло ҳам чанде аз мушаки неруҳои кишвари ҳамсоя дар саҳни ҳавлии сокинони ин деҳа хотираи талхи ин шаби хунинанд.

Дар ин даргирӣ аз Тоҷикистон 2 нафар куштаву 20 кас захмӣ шудааст. Мақомоти расмии Тоҷикистон шумори захмиҳоро 10 нафар – 6 низомиву 4 сокини мулкӣ мегӯянд. Аз Қирғизистон 11 нафар захмӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.