«Дарди дили Шумо – дарди дили мо». Раҷаббой Аҳмадзода ба хонаи яке аз кушташудагони даргириҳои марзӣ рафт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба хонаи яке аз кушташудагони даргириҳои охири марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон рафтааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. Ба иттилои дафтари матбуот ӯ ба пайвандони сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Обидҷон Тӯйчиев, ки дирӯз кушта шуд, аз номи ҳукумати Тоҷикистон изҳори тасаллият намудааст. «Гуруҳи корӣ гуфтушунид […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба хонаи яке аз кушташудагони даргириҳои охири марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон рафтааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилои дафтари матбуот ӯ ба пайвандони сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Обидҷон Тӯйчиев, ки дирӯз кушта шуд, аз номи ҳукумати Тоҷикистон изҳори тасаллият намудааст.

«Гуруҳи корӣ гуфтушунид анҷом дода, сабабҳои рух додани вазъ омӯхта мешаванд. Раиси вилоят гуфт, ки дарди дили Шумо сокинони марзӣ дарди дили мо аст», – менависад дафтари матбуоти раиси вилоят.

Ба иттилои манбаъ раиси вилоят зимни мулоқот гуфтааст вазъи баамаломада зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раванди ҳалли масъалаҳои марзиро зери назорати худ гирифта, барои ҳалли саривақтии он мақомоти дахлдорро вазифадор намудааст.

Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирии навбатӣ сар зад, ки дар натиҷа 2 сокини Исфара кушта ва ҳудуди 20 тани дигар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани 11 нафар шаҳрванди худ хабар медиҳад. Тоҷикистон Қирғизистонро  барои оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд, аммо кишвари ҳамсоя моро гунаҳкор медонад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.