Муаллими риёзӣ аз Хоруғ. Барои дарёфти унвони “Омӯзгори сол – 2021” як сол омодагӣ дидам

Хушбахт Азизбеков, омӯзгори риёзии мактаби шумораи 7-и шаҳри Хоруғ барандаи озмуни "Омӯзгори сол – 2021" дар Тоҷикистон шуд. Дар ин бораи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад. Хушбахт Азизбеков, дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки барои ба даст овардани ҷоизаи озмуни «Омӯзгори сол-2021» як сол омодагии ҷиддӣ дидааст. «Хеле мехостам дар озмун дониши худро санҷиш бикунам […]

Хушбахт Азизбеков, омӯзгори риёзии мактаби шумораи 7-и шаҳри Хоруғ барандаи озмуни "Омӯзгори сол – 2021" дар Тоҷикистон шуд. Дар ин бораи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад.

Хушбахт Азизбеков, дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки барои ба даст овардани ҷоизаи озмуни «Омӯзгори сол-2021» як сол омодагии ҷиддӣ дидааст.

«Хеле мехостам дар озмун дониши худро санҷиш бикунам ва ба ҳамин хотир як сол омодагӣ  дадам. Ва имрӯз сазоври ин унвон гардидам, ки бароям хеле муҳим аст. Яъне меҳнате, ки як сол кардам имрӯз натиҷа дод», – мегӯяд Хушбахт.

Номзадии ин омӯзгоро ба озмуни мазкур Раёсати маорифи ВМКБ пешбарӣ намудааст.

Хушбахт Азизбеков, 27-сол дошта, таҷрибаи кории панҷсола дорад. Ӯ мегӯяд, факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро хатм намудааст. Ва имрӯз ба ҳайси омӯзгори ин ришта ба хонандагони синфҳои болоӣ дар шаҳри Хоруғ дарс медиҳад. Худи ин омӯзгор зодаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ мебошад. 

Ҳамчунин Моҳира Мусоева, омӯзгори фанни географияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Сунбула Юсупова, муаллими синфҳои ибтидоии мактаби №8-и шаҳри Роғун, Наима Зоидова, омӯзгори фанни физикаи мактаби №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шавкат Тағоев, омӯзгори физикаи литсейи тамоили техникии ба номи “Афлотун”-и Данғара  дар ин озмун аз сӯйи  Кумитаи тадорукоти озмун соҳиби тӯфа шудаанд.

Ин озмун 25-уми январ озоз шуда, 27-уми январ ҷамъбаст шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.