Натиҷаи гуфтушунид: Ятимов ва Тошиев тавофуқ карданд протоколи 1 майи 2021-ро пурра иҷро шавад

Дар гуфтушунидҳои ахири марзӣ ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки протоколи шумораи 3-ро, ки 1 майи соли 2021 ба имзорасида буд, иҷро мекунанд. Дар ин бора дар брифинге пас аз гуфтушунидҳо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов изҳорот дод. «Мо ба тавофуқ расидем, ки дар замони гуфтушунидҳо бояд санадҳои бунёдиеро, ки дар натиҷаи кори комиссияҳои баробарҳуқуқи мо […]

Дар гуфтушунидҳои ахири марзӣ ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки протоколи шумораи 3-ро, ки 1 майи соли 2021 ба имзорасида буд, иҷро мекунанд.

Дар ин бора дар брифинге пас аз гуфтушунидҳо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов изҳорот дод.

«Мо ба тавофуқ расидем, ки дар замони гуфтушунидҳо бояд санадҳои бунёдиеро, ки дар натиҷаи кори комиссияҳои баробарҳуқуқи мо ба имзо расидаанд, ба эътибор бигирем. Мо мувофиқа кардем, ки талаботи протоколҳо бояд башиддат иҷро шаванд",- изҳор кард Ятимов.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки пас аз 8 рӯз ба иҷрои протоколе, ки 1 майи 2021 имзо шуда буд, мепардозанд.

«Бар асоси нуктаҳои имзошудаи ин пртокол кор мекунем, ки қаблан садо дода буданд. Дақиқан баъди рӯз кори комиссияҳои муштараки корҳои топогрфиву ҳуқуқӣ оғоз мешавад. Ин кор бидуни таваққуф барои ҳалли ҳамаи мушкилот, аз ҷумла таъйину аломатгузории марзи давлатӣ пеш бурда мешавад. Дар замони наздик мо дигарбора мулоқот мекунем ва кори ин комиссияро баррасӣ мекунем", – хабар дод Ятимов.

Генерал Ятимов афзуд, ҳарчанд имрӯз дар натиҷаи гуфтушунидҳо протоколе ба имзо нарасид, аммо  чизҳое аст, ки болотар аз протоколанд. 

«Мо қавл додем, дасти якдигарро фишурдем, ки он чиро ки имзо кардему ба тавофуқ расидем иҷро мекунем. Ин масоил бидуни баҳс манофеи ду мардуми бародарро дар бар мегиранд», – таъкид кард раиси КДАМ Тоҷикистон.

Мвод такмил мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.