11 ҳолати нав: омори охирини коронавирус дар Тоҷикистон

Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 11 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз теъдоди шифоёфтагон дар мин муддат маълумот дода нашуда, гуфта мешавад, дар маҷмӯъ аз оғози пандемия то имрӯз дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ин беморӣ 17 ҳазору 306 нафарро ташкил дода, шумори […]

Asia-Plus

Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 11 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз теъдоди шифоёфтагон дар мин муддат маълумот дода нашуда, гуфта мешавад, дар маҷмӯъ аз оғози пандемия то имрӯз дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ин беморӣ 17 ҳазору 306 нафарро ташкил дода, шумори умумии шифоёфтагон 17 ҳазору 96 нафарро (98,8%) ташкил медиҳад.

То ин дам, теъдоди расмии фавтидагон моҳҳои зиёд бетағйир монда, 124 нафарро ташкил медиҳад. Дар муддате, ки Вазорати тандурустӣ рӯзи 21 январ дар кишвар ҳодисаҳои нави сироятёбиро эълон кард, ки шумори расмии гирифторшудагон ба COVID-19 дар чанд рӯз  аллакай 213 нафарро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон дар асоси тадқиқоти илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронии аҳолӣ мебошад.

Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват мекунад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пӯшидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шустани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

Ҳоло дар кишвар маъракаи эмкунии аҳолии аз синни 18 сола боло  бар зидди коронавирус идома дорад, лекин давоми ҳафтаи гузашта дар сомонаи Вазорати тандурустӣ дар бораи теъдоди умумии ваксингирфтагон маълумот дода нашуд.

То 20 январи соли 2022 дар Тоҷикистон 4 млн 312 ҳазору 774 нафар ваксинаҳои зидди коронавирус гирифтаанд. Дар маҷмӯъ, 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафар шахсони синни аз 18-сола болоро эм кардан лозим аст.

Иммунизатсияи зидди COVID-19 дар кишвар бо 5 намуди ваксина амалӣ карда мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Sputnik V.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст