Шумори кушташудаҳои Тоҷикистон ба ду нафар расид. Захмиҳо аз 20 тан зиёд

Asia-Plus

Шумори кушташудаҳои ҷониби Тоҷикистон дар даргириҳои марзии шоми дирӯз бо Қирғизистон ба ду нафар расид. Нафари дувуми кушташуда ронандаи мошини Ёрии таъҷилии Беморхонаи марказии шаҳри Исфара мебошад. Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" аз ҷойи ҳодиса хабар медиҳад.

Бино ба иттилои хабарнигори мо, ин ронанда Абдулатиф Шарифови 62-сола мебошад. Шарифов ҳамроҳ бо ду корманди масъули ҳукумати Исфара дар як мошин буданд, ки ин ду корманд захмӣ шудаанд. 

Нафари дигари кушташуда, Обидҷон Тӯйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло мебошад, ки дирӯз хабари кушта шудани ӯро манбаъҳо дар Беморхонаи марказии Исфара ба "Азия-Плюс" тасдиқ карда буданд.

Обидҷон Тӯйчиев бар асари партоби гулӯла (снаряд) ба хонааш кушта шуд.

Хабарнигори "Азия-Плюс" мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир шумори дақиқи захмиҳо мушаххас нест, вале бино ба иттилои пешакии мақомоти масъул теъдоди онҳо аз 20 нафар зиёд аст.

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар як изҳороти дигар, ки субҳи имрӯз нашр кардааст, низ хабари кушта шудани ҳар ду сокини шаҳри Исфароро таъйид карда, шумораи захмиҳоро 10 нафар  ва аз ин теъдод 6 нафарро низомӣ ва 4 танро сокинони мулкӣ унвон кардааст. 

"Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд",-омадааст дар хабарномаи Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон.

Ҳамчунин неруҳои марзбонӣ гуфтааст, ки соати 01.00 рӯзи 28 январи соли 2022 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти салоҳиятдори ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

"Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00 дақиқаи санаи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд",-хабар медиҳад Неруҳои марзбонӣ.

Айни замон вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, – мегӯяд ин ниҳод, сабабу омилҳои муноқишаи даргириҳои марзӣ аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Ҳамчунин сухангӯйи ҳукумати Исфара, субҳи имрӯз ба "Азия-Плюс" гуфт, ки вазъ дар марз муътадил аст ва имрӯз  музокироти мақомоти масъули ҳар ду ҷониб давом мекунад. 

Аз ҷониби Қирғизистон то кунун дар ин даргириҳо 7 нафар захм бардоштааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...