Натиҷаи гуфтушунид: Ятимов ва Тошиев тавофуқ карданд протоколи 1 майи 2021-ро пурра иҷро шавад

Asia-Plus

Дар гуфтушунидҳои ахири марзӣ ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки протоколи шумораи 3-ро, ки 1 майи соли 2021 ба имзорасида буд, иҷро мекунанд.

Дар ин бора дар брифинге пас аз гуфтушунидҳо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов изҳорот дод.

«Мо ба тавофуқ расидем, ки дар замони гуфтушунидҳо бояд санадҳои бунёдиеро, ки дар натиҷаи кори комиссияҳои баробарҳуқуқи мо ба имзо расидаанд, ба эътибор бигирем. Мо мувофиқа кардем, ки талаботи протоколҳо бояд башиддат иҷро шаванд",- изҳор кард Ятимов.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки пас аз 8 рӯз ба иҷрои протоколе, ки 1 майи 2021 имзо шуда буд, мепардозанд.

«Бар асоси нуктаҳои имзошудаи ин пртокол кор мекунем, ки қаблан садо дода буданд. Дақиқан баъди рӯз кори комиссияҳои муштараки корҳои топогрфиву ҳуқуқӣ оғоз мешавад. Ин кор бидуни таваққуф барои ҳалли ҳамаи мушкилот, аз ҷумла таъйину аломатгузории марзи давлатӣ пеш бурда мешавад. Дар замони наздик мо дигарбора мулоқот мекунем ва кори ин комиссияро баррасӣ мекунем", – хабар дод Ятимов.

Генерал Ятимов афзуд, ҳарчанд имрӯз дар натиҷаи гуфтушунидҳо протоколе ба имзо нарасид, аммо  чизҳое аст, ки болотар аз протоколанд. 

«Мо қавл додем, дасти якдигарро фишурдем, ки он чиро ки имзо кардему ба тавофуқ расидем иҷро мекунем. Ин масоил бидуни баҳс манофеи ду мардуми бародарро дар бар мегиранд», – таъкид кард раиси КДАМ Тоҷикистон.

Мвод такмил мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...