Холмурод Раҳмон: «Муйи сарам сафед шавад ҳам, сокинонро бо об таъмин мекунам”

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ваъда дод, ки омода аст ҳатто саломатиашро қурбон кунад, то ки иҷрои барномаи азхудкунӣ ва обёрии заминҳои навро дар Тоҷикистон таъмин намояд.

Тоҷикистон нақша дорад, ки майдони киштро ҳам аз ҳисоби азхудкунии заминҳои нав ва ҳам аз ҳисоби баргардонидани қитъаҳои замини аз гардиши кишоварзӣ бозмонда зиёд кунад.

Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон зиёда аз 25 ҳазор гектар замини киштро ба гардиши кишоварзӣ баргардонид.

Холмурод Раҳмон имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2022 азхуд кардани 1 ҳазору 390 гектар замини нав ва беҳтар намудани вазъи беҳдошт ва обёрии 9,7 ҳазор гектар майдони кишти кишоварзӣ дар назар аст.

Аммо, ба гуфтаи директори Агентӣ ва мутахассисони он, дар ноҳияҳо мақомот ба ин масъала таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намекунанд.

Масалан, дар минтақаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ соли гузашта қубурҳоеро дуздидаанд, ки барои кори пойгоҳҳои обкашӣ пешбинӣ шуда буданд. “Мо онҳоро ҳозир аз ҳисоби худ барқарор карда истодаем”, – иброз дошт вай.

Илова бар ин, дар баъзе ноҳияҳо бар асари аз кор баромадани пойгоҳҳои обкашӣ заминҳои барои кишоварзӣ мувофиқ аз гардиш баромаданд, ки ба ин ноҳияи Қубодиён мисол шуда метавонад:

“Мӯйҳоям сафед шуданд, то як мавзеи калонро дар ин минтақа бо номи Эшакмайдон обод кунам. Дар ин ҷо аз бепарвоии баъзе одамон 780 гектар замин беоб монд. Пештар дар ин ҷо чорводорон кору зиндагӣ мекарданд ва акнун ҳама ба дигар ҷойҳо кӯчиданд”.

Директори Агентӣ аз ин изҳори пушаймонӣ карда, бо эҳсосот чунин ваъда кард:

“Имсол ин мавзеъро бо об таъмин мекунам ва мардум ба ин ҷо бармегарданд. Бигзор тамоми мӯйҳои боқимондаи ман сафед шаванд, лекин ин корро анҷом хоҳам дод!”.

Қаблан директори Агентӣ изҳор дошта буд, ки барои барқарор намудани тамоми низоми обёрии Тоҷикистон на камтар аз 750 млн доллар маблағ зарур аст.

«Тоҷикистон имкони азхудкунии беш аз 800 ҳазор гектар замин ва истифодаи онро барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дорад», – гуфта буд ӯ.

Коҳиши заминҳои кишт ба он оварда расонид, ки айни замон ба ҳиссаи ҳар як сокини Тоҷикистон каме бештар аз 0,06 гектар заминҳои обӣ рост омада, ин нишондиҳандаи пасттарин миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Дар баробари ин, солҳои охир дар Тоҷикистон ниёз ба маҳсулоти кишоварзӣ тақрибан се баробар афзудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...