Донишҷӯёни тоҷик дар Қирғизистон бо чӣ мушкилот рӯбарӯ ҳастанд?

Asia-Plus

Ҳама роҳи Қирғизистонро мушкили асосӣ мегӯянд, ки  дар робита ба муноқишаи марзӣ (ҳанӯз дар баҳори соли гузашта) рӯйи кор омад. Акнун ба он ҷо метавон танҳо бо мошин ва бо роҳи хеле дур расид.

“Дафъаи охир мо (гурӯҳи донишҷӯён) бо мошин сафар кардем: қариб ду рӯз дар роҳ будем, бо нақлиёт донишгоҳ таъмин кард. Аз гузаргоҳи сарҳадии “Карамиқ” гузаштем, зеро сарҳади Бодканд барои мо баста буд. Дар он ҷо муддати тӯлонӣ моро тафтиш карданд: ҳар як ҷузъиёт, комилан тамоми маълумот, ҳамаи ҷомадонҳои моро аз назар гузарониданд, ки муддати зиёд тӯд кашид”.

«Пеш аз муноқишаи моҳи апрели соли 2021 ман ҳам ба Қирғизистон ва ҳам аз Қирғизистон ба кишварҳои дигар бидуни мушкилот парвоз мекардам. Аммо, вақте ки муноқишаи бузургтар оғоз шуд, ҳангоми парвоз ба кишвари сеюм ба баъзе мушкилот дучор шудам. Бархе аз кормандони фурудгоҳ, агар нармтар карда гӯем,  ҳузури маро хуш надоштанд».

Аммо онҳо аз чунин имкони то донишгоҳ расидан низ хурсанданд, зеро бисёре аз донишҷӯён дар оғози авҷи муноқиша натавонистанд ин корро кунанд. Бархе аз онҳо ба макотиби олии Тоҷикистон гузаштанд, аммо чанде бо сабабҳои гуногун натавонистанд таҳсилро дар ватани худ идома диҳанд.

То он даме, ки ҳукумати Қирғизистон марзро барои донишҷӯёни тоҷик дар моҳи октябри соли ҷорӣ боз намуд, бархе тариқи онлайн дар дар интернет таҳсил мекарданд.

“Замони оғози муноқиша ман бояд барои идомаи таҳсил ба Қирғизистон мерафтам, аммо волидонам ба далели амниятӣ иҷоза надоданд, ҳарчанд он вақт бе мушкилот гузаштан мумкин буд. Бо дӯстонам низ ҳамин тавр буд, бисёриҳо маҷбур буданд, ки то ба эътидол омадани вазъият дар ватан бимонанд”.

“Бо сабаби баста шудани сарҳадҳо ман ба чорабинӣ ба муносибати хатми донишгоҳ рафта натавонистам. Инчунин тадқиқоти илмиамро анҷом дода натавонистам, зеро рафтан ғайрирасмӣ манъ ва хатарнок ҳам буд”.

Дар ҳамин ҳол, бисёре аз донишҷӯён зикр мекунанд, ки муносибати сокинони маҳаллӣ ба онҳо чандон тағйир наёфтааст.

«Аксари дӯстони ман аз Қирғизистонанд, муносибати ҷавонони маҳаллӣ манфӣ нест. Баръакс, ба мо ғамхор буданду, кӯшиш мекарданд, ки ҳам дар оғози мушкилот ва ҳам то имрӯз ба ҳар роҳе, ки аз дасташон меомад, кумак кунанд».

“Ҳам дар оғоз ва ҳам пас аз муноқиша гуруҳҳое вомехӯрданд, ки натанҳо ба тоҷикон, балки ба ҳама муносибати манфӣ зоҳир мекарданд. Маъмулан онҳо ҷавонони камсавод ё умуман саводе надоранд. Албатта, баъди даргириҳо сафи ин гуна гурӯҳҳо афзуда, муносибат ба тоҷикон бадтар шуд. Аммо, мебояд гуфт, одамоне ҳастанд, ки моро дастгирӣ мекунанд ва аз бехатарии мо нигаронанд”.

“Қаблан тақсимкунӣ ба миллатҳо умуман ҷой надошт, акнун ба ин таваҷҷуҳ мекунанд. Ин дафъа ёфтани хонаи иҷора душвортар шуд, мо кӯшиш мекардем, ки дар бораи миллат гап назанем, одамоне ҳам буданд, ки мегуфтанд, “мо ба тоҷикон хона намедиҳем”. Аммо ҷавонони ин ҷо замонавӣ ва бофаҳм ҳастанд”

 “Чунин ҳам мешавад, ки нисбати худ нигоҳҳои аҷибе мушоҳида мекунед, ба фикрам, ин ба муноқишаи сарҳадӣ вобаста аст, зеро ман се сол аст, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунам ва қаблан ба чунин ҳолатҳо дучор нашудаам. Чунин ҳолатҳо ҳам дар кӯча ва ҳам дар корхонаву муассисаҳо рух медиҳад. Мефаҳмам, ки ин мушкилоти нашри маълумоти нодуруст аст. Афсӯс, ки чунин раванд ҷараён дорад. Дар Осиёи Марказӣ саводнокии расонаӣ дар сатҳи зарурӣ нест, мардум эътимоднокии маълумотро намесанҷанд ва ба хабарҳои қалбакӣ (фейк) бовар мекунанд”.

“Гуфтаниам, ки чӣ гуна дар бораи муноқиша пешниҳод кардани маълумот ба рӯҳияи мардум таъсири зиёд дорад. Ба ман баъзан лозим меояд, ки ба дӯстонам исбот созам, ки ин хабар қалбакӣ ё баръакс дуруст аст. Ин бештар боиси хашму ғазаби одамон мегардад”.

Ҳангоми таҳияи ин мавод бисёре аз донишҷӯён аз изҳори назар доир ба ин масъала ҳатто бо шарти ифшо накардани ному насабашон худдорӣ карданд, чунки онҳо намехоҳанд, ки ҳодисаҳои марз ба таҳсили онҳо таъсир расонад…

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...