Шаҳрванди Тоҷикистон, ки мегуфт пулиси Екатеринбург аз ӯ пул тамаъ кардааст, ҷарима шуд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Суди ноҳияи Верх-Исетски шаҳри Екатеринбурги Русия шаҳрванди Тоҷикистон Хайриддин Одинаевро, ки мегуфт кормандони пулиси Екатеринбург ӯро назди даромадгоҳи хонааш боздоштаву ба ҷангал бурдаанд ва сипас пул тамаъ кардаанд, 3 ҳазор рубл ҷарима шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург.

“Ба Хайриддин Одинаев барои “Итоат накардан ба талаботи кормандони пулис” 3 ҳазор рубл ҷарима таъин шуд. Дар мурофиаи судӣ ӯ дар бораи ба ҷангал бурдану пул талаб кардани кормандони пулис чизе нагуфт. Таваҷҷуҳи мо яқинан ба ӯ кумак кард”, – гуфтанд дар консулгарӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар мурофиаи судӣ Татяна Мерзлякова, ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар вилояти Свердловск, Субҳон Қурбонов, дипломати консулгарӣ ва Беҳрӯз Холиқов, намояндаи Вазорати меҳнат дар вилояти Свердловск ҳузур доштаанд.

Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Саидзода ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки “мутаассифона, аксари шаҳрвандони мо дар ин ҳолатҳо бевосита ва дарҳол ба муассисаҳои консулгарӣ муроҷиат намекунанд, зеро консулгарӣ ваколату имконият ва фишорҳо лозимаи зиёд барои ҳалли ин масъалаҳоро дорад”.

Ба гуфтаи ӯ, вақте дар консулгарӣ аз расонаҳо дар ин бора хабар ёфтанд, таъҷилан аз ин воқеа ба дастгоҳи ҳукумати вилояти Свердловск, кормандони намояндагии ВКХ Русия дар Екатеринбург, Ваколатори ҳуқуқи инсони вилоят маълумот дода шуд.

“Пас аз ин Омбудсмени вилоят шахсан дар суд ҳузур дошт, то ки қазия мунсифона баррасӣ шавад ва прокурори ноҳияи Верх-Исетск масъаларо зери назорати шахсии худ гирифт”, – мегӯяд Саидзода.

Зимнан зикр шуд, ки корманди консулгарии Тоҷикистон ва намояндаи Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ дар минтақаи Урал дар назди бинои суд бо модари Одинаев вохӯрда, пеш аз оғози мурофиаи судӣ бо худи ӯ ҳам тариқи телефон суҳбат кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш “Новая газета” бо истинод ба ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Валентина Чупик хабар дода буд, ки дар Екатеринбург кормандони пулис шаҳрванди Тоҷикистон Хайриддин Одинаевро дар назди даромадгоҳи хонааш боздошт намуда, сипас ба ҷанагал мебаранд ва аз ӯ пул тамаъ мекунанд.

Дар шуъбаи пулиси №8-и Раёсати ВКД дар Екатеринбург изҳор дошта буданд, ки “шаҳрванд барои қонуншикании маъмурӣ боздошт шудааст”.

Read more: https://asiaplus.news/tj/news/tajikistan/society/20220210/kormandoni-pulisi-ekaterinburg-toikistoniro-ba-angal-burda-az-pul-tama-kardand

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...