Арабистони Саудӣ ба беш аз 9 ҳазор хонаводаи ниёзманди Тоҷикистон кӯмак мерасонад

Арабистони Саудӣ дар доираи як созишномаи тоза ба имзорасида ваъда додааст, ки ба беш аз 9 ҳазор хонаводаи ниёзманди Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Ин созишнома 17-уми феврал миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Подшоҳии Арабистони Саудӣ  ба имзо расидааст. Гуфта мешавад ин ёриҳо иборат аз маводи ғизоии ниёзи аввал ба […]

Asia-Plus

Арабистони Саудӣ дар доираи як созишномаи тоза ба имзорасида ваъда додааст, ки ба беш аз 9 ҳазор хонаводаи ниёзманди Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Ин созишнома 17-уми феврал миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Подшоҳии Арабистони Саудӣ  ба имзо расидааст.

Гуфта мешавад ин ёриҳо иборат аз маводи ғизоии ниёзи аввал ба қишри ниёзманди Тоҷикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон расонида мешаванд. 

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  созишномаро котиби генералии ин ниҳод  Баҳодур Қурбониён ва намояндаи Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ дар сафорати Саудӣ дар душанбе ба имзо расониданд.

Дар асоси ин созишнома, ёриҳои  Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон тавассути Ҳилои Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ ҳукуматҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба ниёзмандон тақсим карда мешавад.

Баҳодур Қурбониён дар дидор бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон дар мавриди корҳои башардӯстона ва ҳамкориҳои танготанг бо Маркази Шоҳ Салмон гуфтааст, ки пуштибонии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ мебошад.

Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон дар солҳои ахир яке ниҳодҳои фаъоли ёрирасон дар Тоҷикистон мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.