Аз 230 хонаводаи Тоҷикистон хоста шудааст, ки ба маконҳои бехавф бикӯчанд

Бо такя ба маълумоти натиҷаҳои таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ дар соли 2021 чунин тавсия дода шуд, хабар доданд имрӯз дар нишасти матбуотии Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон. Соли гузашта геологҳои Тоҷикистон дар натиҷаи таҳқиоти муҳандисӣ-геологӣ бар асоси дархостҳо дар 886 мавзеи деҳот, маҳалла (микрорайон), кӯчаҳои шаҳру навоҳии кишвар 51 макони зисти хавфнокро муайян карданд. Чунин макон аз […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бо такя ба маълумоти натиҷаҳои таҳқиқоти муҳандисӣ-геологӣ дар соли 2021 чунин тавсия дода шуд, хабар доданд имрӯз дар нишасти матбуотии Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон.

Соли гузашта геологҳои Тоҷикистон дар натиҷаи таҳқиоти муҳандисӣ-геологӣ бар асоси дархостҳо дар 886 мавзеи деҳот, маҳалла (микрорайон), кӯчаҳои шаҳру навоҳии кишвар 51 макони зисти хавфнокро муайян карданд.

Чунин макон аз ҳама бештар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – 18 мавзеъ ошкор шудааст, ки аз ин ҷойҳо кӯчонидани 94 хонавода лозим аст.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнат рӯзи 9 феврал дар ин робита зикр шуд, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба макони бехавф ва нисбатан рушдёфта кӯчонидани аҳолӣ аз ноҳияҳои камдаромад ва минтақаҳои хафнок идома меёбад.

Ба ин тариқ, тибқи маълумоти ин Вазорат, танҳо соли гузашта 375 хонавода: дар вилояти Хатлон 161, Ноҳияҳои тобеи марказ – 101, вилояти Суғд – 90 ва ВМКБ-23 хонавода ба ҷойҳои дигар кӯчонида шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.