“Prado”-и 620 ҳазор сомонии раиси ноҳияи Ёвон

Як манбаъ аз раёсати молияи ноҳияи Ёвон хабар дод, ки барои раиси ин ноҳия мошини хизматии “Toyota Land Cruiser Prado” ба маблағи 620 ҳазор сомонӣ харидорь шудааст. Худи раиси ноҳияи Ёвон, Ҷамшед Саидзода рӯзи 16-уми феврал зарурати харидории ин мошини хизматиро шарҳ дод. “Ин мошини хизматиро мо аз ҳисоби сметаи хароҷотии соли 2020 харидорӣ кардем, […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Як манбаъ аз раёсати молияи ноҳияи Ёвон хабар дод, ки барои раиси ин ноҳия мошини хизматии “Toyota Land Cruiser Prado” ба маблағи 620 ҳазор сомонӣ харидорь шудааст.

Худи раиси ноҳияи Ёвон, Ҷамшед Саидзода рӯзи 16-уми феврал зарурати харидории ин мошини хизматиро шарҳ дод.

“Ин мошини хизматиро мо аз ҳисоби сметаи хароҷотии соли 2020 харидорӣ кардем, на соли 2021. Мошини хизматии қаблии раиси ноҳия 13 сол хизмат карда буду фарсуда шуда буд. Чанд маротиба ҳангоми сафарҳои хизмати вайрон шуд. Агар хоҳем, ки ҳамеша дар байни мардум бошем ва ба маҷлисҳои ҳукумату вилоят, ки дар ҳар гӯшаю канори вилоят мешаванд равем, бояд мошини хидматӣ бошад. Бе мошини хидмати ҳам намешавад. Мо ин мошинро бо иҷозаи Сарраёсати молияи вилоят харидорӣ кардем на аз ҳисоби ноҳия”,- гуфт Сатдзод.

Ин дар ҳолест, ки тибқи як банди 27-и протоколи маҷлиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июли соли 2020 харидории мошинҳои хидматӣ, таъмиру сохтмон ва ҷудо кардани воҳидҳои корӣ қатъиян манъ карда шудааст.  

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.