Moody’s: таҳримҳои ғарб нисбати Русия ба Тоҷикистон таъсир мегузоранд

Asia-Plus

Ҳузури нерӯҳои Русия дар марз бо Украина хатари ташдиди ташаннуҷ миёни ду кишвар ва таҳримҳои нави Ғарб алайҳи Русияро зиёд мекунад, гуфта мешавад дар гузориши агентии рейтингии Moody's.

Ба далели равобити иқтисодӣ, молӣ ва энергетикӣ бо Русия, инчунин пардохтпазирии заиф ва мавқеъи хориҷии онҳо, ин метавонад ба кишварҳои ИДМ тавассути роҳҳои гуногун таъсир расонад, зикр мешавад дар як пажӯҳиши таҳлилгарони агентии рейтингӣ, ки Forbes онро баррасӣ кардааст.

Гуфта мешавад, дар иртибот ба даргириҳо миёни Русия ва Украина, ҳамчунин Беларус ва Қирғизистони ҳамсоя низ бештар осебпазиранд.

Камшавии интиқоли пули муҳоҷирони корӣ дар сурати коҳиши иқтисоди Русия аз ҷумлаи хавфҳои аслии ин кишварҳо унвон мешаванд.

Коршиносони Moody's бар ин назаранд, ки хатарҳои марбут ба низоъ барои кишварҳои ИДМ нисбатан кам хоҳад буд, ба шарте, ки таҳримҳои эҳтимолӣ алайҳи Русия боиси коҳиши ҷиддии иқтисоди Русия нашавад.

Тибқи назари Moody's таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои ИДМ, ки дар интиқоли пули муҳоҷирон бештар аз Русия вобастаанд – Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.

Таҳлилгарон менависанд, ки коҳиши эҳтимолии иқтисоди Русия ва дар пайи он кам шудани интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба қобилияти қарздиҳии Қирғизистон ва Тоҷикистон зарба мезанад.

Афзоиши эҳтимолии ташаннуҷ, ки боиси заифшавии назарраси рубл мегардад, метавонад ба асъори кишварҳои ИДМ таъсири манфӣ расонад ва хавфи пардохтпазириро, бахусус барои кишварҳое, ба мисли Белорус, Тоҷикистон ва Гурҷистон, ки ҳиссаи баланди қарзи онҳо дар асъори хориҷӣ ифода ёфтааст, афзоиш диҳад.

Мақомоти Русия ҳар гуна нияти ҳамла ба Украинаро рад мекунанд. Дар навбати худ мақомоти Ҷумҳуриҳои мардумии худхондаи Донетск ва Луганск  рӯзи 18 феврал бар асари таҳдиди ҳамлаи Украина дар бораи ба Русия кӯчонидани сокинон хабар доданд.

Киев ин гуна нақшаҳоро рад ва ва иддао мекунад, ки ният дорад низоъро бо роҳи дипломатия ҳал кунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.