Moody’s: таҳримҳои ғарб нисбати Русия ба Тоҷикистон таъсир мегузоранд

Ҳузури нерӯҳои Русия дар марз бо Украина хатари ташдиди ташаннуҷ миёни ду кишвар ва таҳримҳои нави Ғарб алайҳи Русияро зиёд мекунад, гуфта мешавад дар гузориши агентии рейтингии Moody's. Ба далели равобити иқтисодӣ, молӣ ва энергетикӣ бо Русия, инчунин пардохтпазирии заиф ва мавқеъи хориҷии онҳо, ин метавонад ба кишварҳои ИДМ тавассути роҳҳои гуногун таъсир расонад, зикр […]

Asia-Plus

Ҳузури нерӯҳои Русия дар марз бо Украина хатари ташдиди ташаннуҷ миёни ду кишвар ва таҳримҳои нави Ғарб алайҳи Русияро зиёд мекунад, гуфта мешавад дар гузориши агентии рейтингии Moody's.

Ба далели равобити иқтисодӣ, молӣ ва энергетикӣ бо Русия, инчунин пардохтпазирии заиф ва мавқеъи хориҷии онҳо, ин метавонад ба кишварҳои ИДМ тавассути роҳҳои гуногун таъсир расонад, зикр мешавад дар як пажӯҳиши таҳлилгарони агентии рейтингӣ, ки Forbes онро баррасӣ кардааст.

Гуфта мешавад, дар иртибот ба даргириҳо миёни Русия ва Украина, ҳамчунин Беларус ва Қирғизистони ҳамсоя низ бештар осебпазиранд.

Камшавии интиқоли пули муҳоҷирони корӣ дар сурати коҳиши иқтисоди Русия аз ҷумлаи хавфҳои аслии ин кишварҳо унвон мешаванд.

Коршиносони Moody's бар ин назаранд, ки хатарҳои марбут ба низоъ барои кишварҳои ИДМ нисбатан кам хоҳад буд, ба шарте, ки таҳримҳои эҳтимолӣ алайҳи Русия боиси коҳиши ҷиддии иқтисоди Русия нашавад.

Тибқи назари Moody's таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои ИДМ, ки дар интиқоли пули муҳоҷирон бештар аз Русия вобастаанд – Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.

Таҳлилгарон менависанд, ки коҳиши эҳтимолии иқтисоди Русия ва дар пайи он кам шудани интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба қобилияти қарздиҳии Қирғизистон ва Тоҷикистон зарба мезанад.

Афзоиши эҳтимолии ташаннуҷ, ки боиси заифшавии назарраси рубл мегардад, метавонад ба асъори кишварҳои ИДМ таъсири манфӣ расонад ва хавфи пардохтпазириро, бахусус барои кишварҳое, ба мисли Белорус, Тоҷикистон ва Гурҷистон, ки ҳиссаи баланди қарзи онҳо дар асъори хориҷӣ ифода ёфтааст, афзоиш диҳад.

Мақомоти Русия ҳар гуна нияти ҳамла ба Украинаро рад мекунанд. Дар навбати худ мақомоти Ҷумҳуриҳои мардумии худхондаи Донетск ва Луганск  рӯзи 18 феврал бар асари таҳдиди ҳамлаи Украина дар бораи ба Русия кӯчонидани сокинон хабар доданд.

Киев ин гуна нақшаҳоро рад ва ва иддао мекунад, ки ният дорад низоъро бо роҳи дипломатия ҳал кунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Пешниҳоди Қазоқистон ба Тоҷикистон барои содироти бештари ғалла

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.