Қазоқистон бо Тоҷикистон дар мавриди таъмини об барои обёрӣ ба созиш расид

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Қазоқистон бо Тоҷикистон дар бораи обдиҳии иловагӣ аз обанбори “Баҳри тоҷик” дар мавсими обёрӣ ба созиш расид.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода бо муовини вазири экологияи Қазоқистон Серик Кожаниёзов зимни сафари кории ӯ ба Душанбе дидору гуфтушунид кард.

Ҷонибҳо вазъи марбут ба об дар ҳавзаи дарёи Сирдарёро баррасӣ намуда, оид ба мувофиқасозии реҷаи кори обанбори “Баҳри тоҷик” дар мавсими байни обёрии солҳои 2021-2022 ва давраи обёрии соли 2022 гуфтушунид карданд.

Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон хабар медиҳад.

“Қазоқистон тавофуқ ҳосил намуд, ки дар давраи обёрии соли 2022 мисли соли гузашта обдиҳии иловагӣ аз обанбори “Баҳри тоҷик” сурат мегирад, ки таъмини кишоварзони вилоятҳои Туркистон ва Қизилордаро бо об дар шароити камобӣ беҳтар мекунад”, – омадааст дар хабар.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2015 ҳаҷми (лимити) обгирии Тоҷикистон аз Сирдарё дар мавсими обёрӣ (моҳҳои апрел-сентябр) ҳамасола зиёда аз 1,9 млрд метри мукааб муқаррар мешавад.

Аммо дар амал ҷумҳурӣ ҳамасола ҳиссаи худро пурра намегирад. Ба ин тариқ, дар давраи баҳору тобистони соли 2020 Тоҷикистон аз Сирдарё 1 млрд 450 млн метри мукааб об гирифт, ки 460 млн метри мукааб ё худ 24% камтар аз ҳаҷми пешбинишуда мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Тоҷикистон амалан ҳамагӣ 17-20%-и оби дар қаламраваш ташаккулёфтаро истифода мебарад. Захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ (Амӯдарё ва Сирдарё) миёни кишварҳои минтақа ба таври зайл тақсим шудаанд: маҷрои Сирдарё: Ӯзбекистон – 50,5%, Қазоқистон – 42%, Тоҷикистон – 7%, Қирғизистон – 0,5%;  маҷрои Амӯдарё: Ӯзбекистон – 42,2%, Туркманистон – 42,3%, Тоҷикистон – 15,2%, Қирғизистон – 0,3%.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...