Намояндаи доимии БОР: “Ба идомаи сохтмони “Роғун” манфиатдорем, лекин баъзе саволҳо ҳастанд”

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) ба анҷоми сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” манфиатдоранд, изҳор дошт намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл имрӯз, 22 феврал зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон охири соли гузашта вохӯриро бо мададрасонони байнулмилалӣ созмон дода, дар он масъалаи маблағгузорӣ ба лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” баррасӣ шуд.

Намояндаи доимии БОР зарурати дастгирии молиявии лоиҳа аз ҷониби мададрасонон (донорҳо)-и байнулмилалиро камбуди маблағҳои давлатӣ барои сохтмони минбаъдаи ин иншоот ва инчунин озод намудани маблағҳои буҷетӣ, ки метавон ба дигар эҳтиёҷоти афзалиятнок равона кард, шарҳ дод.

Аҳамияти нерӯгоҳи Роғунро барои иқтисоди Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл бо он асоснок мекунад, ки дар оянда ин нерӯгоҳ як манбаи даромади иловагии ҷумҳурӣ хоҳад шуд.

Аммо, изҳор дошт вай, бар асоси пажӯҳишҳои Бонки Ҷаҳонӣ, ҳанӯз ҳам саволҳои зиёде дар мавриди тарҳи Роғун вуҷуд доранд, ки пеш аз маблағгузорӣ ба ин лоиҳа мададрасонон бояд ба онҳо посух бигиранд.

Аз ҷумлаи чунин масоил Шенни Кэмпбелл масъалаҳои харид, таъмини чораҳои муҳофизатӣ ва дарёфти бозори фурӯши нерӯи барқро номбар кард.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки БОР аллакай барои фурӯши ояндаи нерӯи барқи истеҳсоли “Роғун” кумаки ғайримустақим мерасонад.

Намояндаи доимии БОР шарҳ дод, ки  баҳри пайвастани низоми энергетикии ҷумҳурӣ ба ҳалқаи Осиёи Марказӣ кумаки молиявӣ расонида мешавад, ки тавассути он барои фурӯши миқдори барзиёдатии барқ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар ҳоли ҳозир тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешавад, ки он ба идомаи ҳамаҷонибаи сохтмон кофӣ нест.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, соли 2022 ба сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 2,5 млрд сомонӣ (220 млн доллар) равона мешавад.

Аз оғози идомаи сохтмон (аз соли 2008) то соли ҷорӣ баҳри иҷрои корҳо дар сохтмони неругоҳи “Роғун” 37,7 млрд сомонӣ харҷ шудааст.

Айни замон ду гидроагрегати неругоҳи “Роғун” кор мекунанд. Дар маҷмӯъ насби 6 агрегат дар толори мошинҳо ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори лоиҳавии ҳар кадоме аз онҳо 600 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки сохтмони неругоҳ соли 2033 пурра ба анҷом расад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...