Яке аз захмиёни таркиши “заправка”-и Қубодиён даргузашт: 41 сол умр дошт

Asia-Plus

Холиёр Нурматов, яке яке аз захмбардоштагони таркиш дар нуқтаи фурӯши маводи сухт дар ноҳияи Қубодиён дар бемористон даргузашт.  Дар ин бора "Озодӣ" бо такя ба манобеаш дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Нурматов 41 сол дошт.

Субҳи имрӯз, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён Холмурод Ойматов ба “Азия- Плюс” хабар дода буд, ки то соати 8:00 субҳи 22 феврал, вазъи се нафар ҷабрдидае, ки дар шуъбаи эҳёи ду беморхона бистариянд, бе тағйир боқӣ мондааст.

“Ба соати 8:00 22 феврал ҳолати онҳо тағйир наёфтааст. Табибон барои наҷоташон тамоми кушишу имкониатҳоро ба кор бурда истодаанд. Табобати сӯхтагӣ ин дуру дароз аст, дар як муҳлати кутоҳ чизе тағйир намеёбад. Онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд, умед дорем, ки наҷоташон хоҳем дод”,- гуфт сардухтур.

Сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт, дар маркази ноҳияи Қубодиён, пеш аз асри рӯзи 21-уми феврал рух дод. 

Бар асари ин сӯхтор 14 нафар захм бардошта буданд, ки дар миёнашон занон низ ҳастанд.

Ҳоло бо даргузаште як тан аз се нафаре, ки гуфта мешуд дар шуъбаи эҳё бистариянд, вазъи ду нафари дигар ҳам вазнин гуфта мешавад. 

Номи 13 захмии дигари ҳодиса:

  • Фахриддин Тағоймуродов – 22-сола;
  • Парвина Зокирова – 22-сола;
  • Валиҷон Менглиев – 22-сола;
  • Раҷаб Маллаев – 24-сола;
  • Ҷамшед Тилабов – 25-сола;
  • Илҳом Умаров – 27-сола;
  • Тоҳир Исмоилзода – 30-сола;
  • Марҷона Бекназарова – 36-сола;
  • Хуршед Эргашев – 39-сола;
  • Дарина – 39-сола;
  • Ботир Тағоймуродов – 57-сола;
  • Муҳаррам Ҷӯравева – 59-сола;
  • Тоҳир Бердимуродов –64-сола.

Сомонаи ВКД кишвар дар шарҳи ин ҳодиса хабар додааст, ки сӯхтор дар сӯхтфурӯшии ҶДММ “Ориён нафт” соати 15:04 дақиқиа 21 феврал сар задааст. Ин ниҳод масоҳати сӯхторро 280 метри мурабаъ гуфта. Ба навиштаи ВКД сӯхтор аз таркиши як зарфи гази моеъ сар задааст, ки дар натиҷа 13 нафар ҷароҳати ҷисмони бардошта, 6 мошин ва ду чорво талаф ёфтааст.

https://www.youtube.com/watch?v=O2ez9SV50dk

Видео аз корбарони шабакаи Youtube.

Ҷузъиёти дигари ин сӯхтор метавонед дар ин матлаби "Азия-Плю" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...