“Наврӯз” дар пойтахти Амрико ба расмият шинохта шуд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Шӯрои шаҳри Вашингтон, ниҳоди қонунгузор дар пойтахти Амрико, рӯзи сешанбе, 1 март як қатъномаи пешниҳодиро, ки дар асоси он Наврӯз ба унвони як руйдоди "фарҳангӣ ва таърихӣ" шинохта мешавад, тасвиб кард. 

Дар қатънома, ки дар асоси раъйдиҳӣ ба тасвиб расид, Шӯрои шаҳри Вашингтон огоҳиҳои гуногуне дар бораи вижагиҳои Наврӯз ё "рӯзи нав", ки фаро расидани фасли баҳорро хабар медиҳад, нашр кардааст. 

Ба иттилои Vaonews дар ин қатънома Наврӯз як "ҷашни бостонӣ" бо таърихи "се ҳазор сола" муаррифӣ мешавад, ки ба гуфтаи СММ тавассути беш аз 300 млн нафар дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва бархе кишварҳои дигар, ва ҳамчунин ҷомеаи муҳоҷир дар Амрико ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Ин расона менависад, ки дар ин қатънома гуфта мешавад, "Наврӯз намоди шурӯъи дубора ва гирдиҳамоӣ ва давре аз таҷрибаҳову мусибатҳои соли гузашта аст ва ҳамроҳ бо табиат умед ба соли навро  ҳамхонӣ мекунад"

Гуфта мешавад Шӯрои шаҳри Вашингтон дар қатъномаи худ Наврӯзро муносибате муаррифӣ мекунад, ки "дар миёни мардум бо ҳар пешинаи фарҳангӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ аз ҷумлаи мусалмонон, масеҳиён, яҳудиён, баҳоиён, зартуштиён, мазҳабҳои дигар ва ҳатто ғайри мазҳабиён ҷашн гирифта мешавад".

Ин Шӯро дар идома ёдовар мешавад, ки Наврӯз тавассути СММ низ дар феҳристи мероси фарҳангии ғайримодии башарият ба унвони сунати фарҳангӣ, ки тавассути бисёре аз мардумони ҷаҳон гиромӣ дошта мешавад, шинохта шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид бо тасвиби қотеъномае дар моли 2010 ба таври расмӣ "рӯзи ҷаҳонии Наврӯз"-ро ба расмият шинохт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.