Бо дархости Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистон дар Русия боздошт шуд

Бо дархости Тоҷикистон шаҳрванди Қирғизистон З.Достматов дар шаҳри Маскав боздошт шуд, хабар дод рӯзи 1 март маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон. “25 феврал корманди сафорати Қирғизистон дар Русия ба шуъбаи пулис рафта, далели боздошти ӯро муайян кард. Айни замон сафорат ҷиҳати ошкор кардани ҳолатҳои боздошт ва ҳарчи зудтар раҳо кардани ин шаҳрванди Қирғизистон тадбирҳо […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Бо дархости Тоҷикистон шаҳрванди Қирғизистон З.Достматов дар шаҳри Маскав боздошт шуд, хабар дод рӯзи 1 март маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

“25 феврал корманди сафорати Қирғизистон дар Русия ба шуъбаи пулис рафта, далели боздошти ӯро муайян кард. Айни замон сафорат ҷиҳати ошкор кардани ҳолатҳои боздошт ва ҳарчи зудтар раҳо кардани ин шаҳрванди Қирғизистон тадбирҳо меандешад”, – омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Қирғизистон дар Русия дар ин робита чунин хабар медиҳад:

“Тибқи маълумоти мавҷуда, шаҳрванди Қирғизистон дар замони рӯйдодҳои дар дархости Тоҷикистон зикршуда дар қаламрави Русия қарор доштааст. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки сохтакории парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванди Қирғизистон З.Достматов тасдиқ мекунанд, инчунин беасос ва ғайриқонунӣ будани айбнома дар содир намудани ҷиноят дар назар аст”.

Қаблан бо дархости Қирғизистон якчанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия боздошт шуда буданд.

Ҷониби Қирғизистон тоҷикистониёнро ба иштирок дар даргириҳои марзӣ муттаҳам мекунад.

Яке аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон Диловар Ҷӯраев дар суҳбат ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки Қирғизистон зиёда аз 25 сокини ҷамоати наздимарзиро, аз ҷумла ӯро низ бар асари низоъ дар марз мавриди ҷустуҷӯ эълон кардааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Сабаби муноқишаву нофаҳмиҳои зиёд дар марзи ин ду кишвар, ки оқибат ба хун мепечад номуайян ва аломатгузорӣ нашудани беш аз 400 километр сарҳади давлатӣ мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.