“Наврӯз” дар пойтахти Амрико ба расмият шинохта шуд

Шӯрои шаҳри Вашингтон, ниҳоди қонунгузор дар пойтахти Амрико, рӯзи сешанбе, 1 март як қатъномаи пешниҳодиро, ки дар асоси он Наврӯз ба унвони як руйдоди "фарҳангӣ ва таърихӣ" шинохта мешавад, тасвиб кард.  Дар қатънома, ки дар асоси раъйдиҳӣ ба тасвиб расид, Шӯрои шаҳри Вашингтон огоҳиҳои гуногуне дар бораи вижагиҳои Наврӯз ё "рӯзи нав", ки фаро расидани […]

Шӯрои шаҳри Вашингтон, ниҳоди қонунгузор дар пойтахти Амрико, рӯзи сешанбе, 1 март як қатъномаи пешниҳодиро, ки дар асоси он Наврӯз ба унвони як руйдоди "фарҳангӣ ва таърихӣ" шинохта мешавад, тасвиб кард. 

Дар қатънома, ки дар асоси раъйдиҳӣ ба тасвиб расид, Шӯрои шаҳри Вашингтон огоҳиҳои гуногуне дар бораи вижагиҳои Наврӯз ё "рӯзи нав", ки фаро расидани фасли баҳорро хабар медиҳад, нашр кардааст. 

Ба иттилои Vaonews дар ин қатънома Наврӯз як "ҷашни бостонӣ" бо таърихи "се ҳазор сола" муаррифӣ мешавад, ки ба гуфтаи СММ тавассути беш аз 300 млн нафар дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва бархе кишварҳои дигар, ва ҳамчунин ҷомеаи муҳоҷир дар Амрико ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Ин расона менависад, ки дар ин қатънома гуфта мешавад, "Наврӯз намоди шурӯъи дубора ва гирдиҳамоӣ ва давре аз таҷрибаҳову мусибатҳои соли гузашта аст ва ҳамроҳ бо табиат умед ба соли навро  ҳамхонӣ мекунад"

Гуфта мешавад Шӯрои шаҳри Вашингтон дар қатъномаи худ Наврӯзро муносибате муаррифӣ мекунад, ки "дар миёни мардум бо ҳар пешинаи фарҳангӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ аз ҷумлаи мусалмонон, масеҳиён, яҳудиён, баҳоиён, зартуштиён, мазҳабҳои дигар ва ҳатто ғайри мазҳабиён ҷашн гирифта мешавад".

Ин Шӯро дар идома ёдовар мешавад, ки Наврӯз тавассути СММ низ дар феҳристи мероси фарҳангии ғайримодии башарият ба унвони сунати фарҳангӣ, ки тавассути бисёре аз мардумони ҷаҳон гиромӣ дошта мешавад, шинохта шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид бо тасвиби қотеъномае дар моли 2010 ба таври расмӣ "рӯзи ҷаҳонии Наврӯз"-ро ба расмият шинохт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.