Ҷузъиёти пешакии тирпаронии нимашаби неруҳои қирғиз ба Чоркӯҳ: талафот нест, аммо хонаҳо тирборон шудаанд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Бар пояи иттилои пешакии ҳукумати шаҳри Исфара дар пайи тирандозии шаби 11-уми март ягон сокини осоишта дар ҷамоати Чоркӯҳ осеб надидааст. Аммо гуфтанд, аз субҳи имрз тафтиш оғоз шуда аз натиҷааш баъдтар хабар медиҳанд.

Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев субҳи 11-уми март дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, бино ба маълумоти пешакӣ дар натиҷаи тирборони марзбонони Қирғизистон ягон нафар мардуми осоишта зиён надидааст. Бино ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ ин шаб тақрибан аз соати 1:20 марзбонони қирғиз ба ду маҳаллаи Чоркӯҳ, маҳаллаҳои ба номи Ибод Файзуллоев ва Бӯстон тир холӣ карданд, ки тақрибан 1-1,5 соат давом кард.

"Қирғизҳо ба ҷониби мо тир холӣ карданд, ҳоло тафтишот оғоз шудааст ва баъдан маълум мешавад, ки куҷо аз тирхоликунӣ зиён дидааст.Сокинон ҳеҷ куҷо нарафтанд, шаб дар хона буданд ва аз хона берун набаромаданд. Ба сӯйи мардум тир холӣ нашудааст ва ягон нафар аз мардуми осоишта низ ҷароҳат набардоштааст",-гуфт раиси ҷамоати Чоркӯҳ.

Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора расман хабар надоданд ва сабаби тиркушоии шаби 11-уми мартро низ шарҳ надодаанд. Маълум нест, ки тирпаронӣ аз ҷонибӣ ки шурӯъ шуд ва оё талафоте дар пай дорад ё не.

Вале як сокини маҳаллаи Ибод Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳ – макони даргирии ин шаб дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки шаб онҳо дар хона буданд ва то ҳол хабари маҷруҳ шудан ё нашудани касе аз мардуми осоиштаро нашунидаанд.

Вай гуфт, “хонаҳо зиён надиданд ва мардум низ, аммо то саҳар аз тарс хоб нарафтем. Торик буд ба тарафи маҳалла тир холӣ карданд, вале маълум нест, ки он тир ба куҷо расид. Баъдтар марзбонони мо ҳам ба ҷойи ҳодиса омаданд.  

Ба гуфтаи сокинони Чоркӯҳ имшаб бо фарқ аз шабҳои дигар, баъди тирборон барқро хомӯш накарданд ва бо барқ таъмин буданд. Шабҳои дигар маҳдудият буд, баъи соати 22.00 барқро қатъ мекарданд.

Тирпаронии ин шаб баъди тирпаронии субҳи 10-уми март ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он як марзбони тоҷик бо ном Сунатулло Маҳмадов кушта шуд. Манобеъи “Азия-Плюс” аз ҳукумати Исфара гуфтанд, ки тирандозии субҳи дирӯз дар пайи марзшикании неруҳои қирғиз сурат гирифта буд. 

«Сарҳадбонони Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон (минтақаи «Ваҳдат»-и ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) гузашта, аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Задухӯрди лафзӣ ба амал омад, сарҳадбонони қирғиз аввалин шуда оташ кушоданд, сарҳадбонони мо маҷбур шуданд, ҷавоб диҳанд. Дар натиҷаи тирпарронӣ як марзбони тоҷик кушта, ду сарбоз ва чанд сокини осоишта низ маҷрӯҳ шуданд», – гуфта буд, дирӯз як сокини маҳаллӣ ба «Азия-Плюс».

Тафсилоти тирпаронии нимашабии неруҳои қирғизро дар ин ҷо бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...