Дар Душанбе сартарошхонаеро ғорат кардаанд. Ду нафари қаблан судшуда гумонбар дониста мешаванд

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ аз ғорат шудани як сартарошхона дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба гуфтаи ВКД ин кор рӯзи 10-уми март рух додааст.

Сайти ВКД навиштааст, ки аз ин сартарошхона, воқеъ дар ноҳияи Синои Душанбе 5 роҳаткурсӣ, як роҳаткурсии калон, як донаи камераи назоратӣ ва дигар лавзимоти сартароширо дуздидаанд. 

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, бо гумони даст доштан дар ин амал як марди 38-солаи сокинони пойтахт, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятӣ маҳкум шудааст ва марди 46-солаи дигари сокини Душанбе, ки аз ин қабл дар Русия бар асоси моддаи 158 Кодекси ҷиноятии ин кишвар маҳкум шуда будааст, дастгир шудаанд. 

ВКД зарари расида ин дуздиро 20 ҳазор сомонӣ гуфтааст. 

Ҳамчунин бино ба иттилои ВКД, Шуъбаи корҳои дохилӣ-1 ноҳияи Фирдавсӣ зани 28-солаи Душанберо боздошт кардааст, ки гӯё ӯ аз як зани сокини дигари пойтахт бо роҳи фиреб, барои фурӯш маҳсулоти атриёти занонаро бо арзиши 50 ҳазор сомонӣ гирифта, маҳсулотро фурӯхта, маблағашро барнагардонидааст.

ВКД ин зани боздоштшударо, ҳамчунин дар як ҳолати мушобеҳи дигар, муттаҳам медонад: "ҳамзамон номбурда бо роҳи фиреб ба боварии зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ барои фурӯш матоъҳои занонаро ба маблағи 44 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, матоъҳоро фурӯхта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст".

Дафтари матбуоти ВКД менависад, ки тафтишоти ҳар ду ҳолат оғоз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...